ҶСП «Сафед-Дара» бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Лахш пойгоҳи куҳнавардӣ бунёд менамояд
ДУШАНБЕ, 26.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. ҶСП «Сафед-Дара» бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳӣ дар заминҳои озоди ноҳияи Лахш пойгоҳи куҳнавардию сайёҳиро бо инфрасохтори муосир бунёд менамояд. Сохтмони шаҳраки нави кӯҳнавардӣ дар мавзеи Москвина аввали моҳи июл ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тавре манбаъ тазаккур медиҳад, дар шароити пандемияи COVID-19, ки дар пайи худ буҳрони шадиди иқтисодиро ба бор овард, соҳаи сайёҳии ҷаҳон ба зиёни бештар нисбат ба дигар бахшҳои иқтисоди ҷаҳон дучор шуд.
«Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали паҳншавии коронавирус дар ҳамсоякишвари Чин, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ, инчунин бо мақсади таъмини амният ва бехатарии сайёҳону сокинони кишвар ба ширкатҳои сайёҳӣ муваққатан қатъ намудани хизматрасониҳоро ба сайёҳон аз кишварҳои осебпазир тавсия дода буд», — илова намуданд дар Кумита.
Дар пайи ин тавсия, аз замони пандемия эълон гардидани COVID-19, ҳамзамон ҷиҳати иҷрои муқаррароти протоколҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 Кумита якҷо бо ширкатҳои сайёҳӣ, субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорон ва ҳунармандон пайваста бо танзими риояи ҳатмии тартиб силсиламулоқотҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи татбиқи имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат фароҳамовардашуда барои рушди соҳаи сайёҳӣ ширкати ватании ҶСП «Сафед-Дара» барои бунёди пойгоҳи яке аз мавзеъҳои сайёҳӣ иқдоми шоистаро рӯи даст гирифт.
Ширкати мазкур бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳӣ дар заминҳои озоди ноҳияи Лахш пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳиро бо инфрасохтори муосир бунёд менамояд.
Сохтмони шаҳраки нави кӯҳнавардӣ дар мавзеи Москвина аввали моҳи июл ба нақша гирифта шуда, дар баландии зиёда аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр бо тамоми меъёрҳои байналмиллалӣ сохта мешавад.
Пойгоҳи сайёҳии мазкур дар байни ду қулла, ки байни кӯҳнавардон бисёр машҳуранд — қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ қуллаи Коммунизм, баландиаш 7495 метр) ва қуллаи Озодӣ (собиқ қуллаи Корженевская, баландиаш 7105 метр) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Ширкатҳои дигари хизматрасони сайёҳӣ имкон доранд дар доираи шартномаҳо бо ширкати «Сафед –дара» меҳмонону сайёҳони худро ба тамошои ин гӯшаи ҷолиби Тоҷикистон сафарбар намоянд.
Имрӯз объектҳои хизматрасонию сайёҳӣ ҷиҳати ташкили истироҳати хушсифат дар ҳудуди Тоҷикистон ба шаҳрвандони маҳаллӣ ва хориҷӣ таҷрибаи фаъоли пешниҳоди хизматрасониҳоро дар соҳаи сайёҳӣ истифода намуда истодаанд.
Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки сайёҳии кӯҳӣ нисбат ба дигар соҳаҳои фаъолияти сайёҳӣ яке аз соҳаи афзалиятнок ва пешқадам ба ҳисоб меравад. Саёҳат ба мамлакатҳои кӯҳсор диққати сайёҳонро ҳамеша бештар ба худ ҷалб мекунад. Сайёҳон дар ҳамешагӣ намуди сайёҳии фаъолро аз кабили сайёҳии саргузаштӣ, трекинг, алпинизм, сайёҳии кўҳӣ ва рафтингро интихоб мекунанд. Яке аз бартариятҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон низ ҳамин аст, ки табиати хосаи табиӣ дорад ва дар он унсурҳои сунъӣ дида намешавад.
Ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб меёбад.
Дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумат ва пеш аз ҳама, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ, бахусус густариши саёҳати варзишӣ — кӯҳнавардӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Таҳия ва қабули қонуну қарорҳои соҳавӣ фароҳам овардани шароити муосир барои рушди сайёҳӣ, бахусус барои субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ додани имтиёзҳо бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ аз иқдомҳои дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ дар кишвар мебошанд.
Асосан соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар заминаи захираҳои табиӣ ва иқлими нотакрор инкишоф меёбад. Тоҷикистон кишвари кўҳистон буда, баландии он аз сатҳи баҳр дар нуқтаи пастарин 300 м ва дар нуқтаи баландтарин 7495 м ташкил медиҳад.
Ҳолати мазкур барои рушди намудҳои зимистонаи сайёҳӣ, аз ҷумла лижаронӣ ва куҳнавардӣ имконияти беҳтарин фароҳам меоварад. Бо назардошти дар миёни сайёҳони ҷаҳон машҳур гардидани минтақаҳои рекреатсионӣ, Тоҷикистон имкон дорад дар ин самт байни дигар кишварҳо мақоми хоси худро дарёбад.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳое меистад, ки метавонад аз намуди сайёҳии кӯҳӣ даромади зиёд ба даст орад, зеро 93%-и қаламрави мамлакатро кӯҳсор ташкил кардаасту табиати такрорнашаванда дорад.
Дар ин замина, бо ҷалби бахши хусусӣ ва соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардидааст, дар мавзеъҳои кӯҳӣ, ки барои сайёҳон ҷолиби диққат аст, бунёди инфрасохтори аввалиндараҷа барои қабулу хизматрасонии сайёҳон татбиқ гашта истодааст.
Дар шароити вазъи баамаломада вобаста ба паҳншавии пандемия Кумитаи рушди сайёҳӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҳамкорӣ намуда, барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақаҳои афзалиятдоштаи сайёҳӣ чораҳои зарурӣ андешида меандешад.
Масъулини соҳаи сайёҳӣ умед доранд, ки пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии мазкур ҳамчун таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии ҷумҳурӣ ба бренди байналмилалӣ миёни дӯстдорони сайру сафари Тоҷикистон шинохта мешавад.








Меҳмонони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд–чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз шуд






