Зиёда аз 650 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Ватан баргардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 июн 553 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин имрӯз беш аз 100 шаҳрванди кишвар, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд, ба Тоҷикистон оварда шуданд.
«Дар ин росто ба мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мусоидати фаврӣ ҷиҳати убури бемамониати сарҳад ва ташкили долони транзитии мустақим барои ҳаракати шаҳрвандони кишвар ва ба Созмони ҷаҳонии муҳоҷират барои мусоидат дар пешниҳоди воситаҳои нақлиёт барои интиқоли ҳамватанон изҳори сипос мегардад»,- таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






