ҲАФТАИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ. Террористҳо бо истифода аз мусибатҳои бар пояи пандемия бавуҷудомада муфтхӯрӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияи COVID-19 мушкилоти шадид, аз ҷумла хатари зуҳури шаклҳои нави терроризмро ошкор ва инчунин тазалзули иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба бор овард, ки метавонад боиси радикалӣ шудани одамони рӯҳафтода, хусусан ҷавонон гардад ва онҳоро ба сӯи ифротгароӣ такон диҳад. Террористон бошанд вазъияти рухдода ва аз мусибати ба сари одамон омада фаъолона ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода менамоянд.
«Мо медонем, ки ДОИШ, «Ал-Қоида» ва филиалҳои минтақавии онҳо, инчунин фашистони навбаромад, ҷонибдорони волоияти нажоди сафед ва гурӯҳҳои дигар, ки тухми адоват мекоранд, кӯшиш мекунанд, ки ихтилофҳо, низоъҳои маҳаллӣ, ихлоли идоракунӣ ва маҳрумияти одамонро барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода баранд» – иброз дошт Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни ифтитоҳи Ҳафтаи мубориза бвр зидди терроризм, ки дар доираи он 10 вебинар ва мубоҳисаи интерактивӣ дар шакли онлайн баргузор хоҳанд шуд.
Онҳо ба ҷанбаҳои мухталифи ин масъала, аз ҷумла терроризми биологӣ ва ҷиноятҳои кибернетӣ, ҳимояи қурбониёни терроризм, аксуламал бо маблағгузории терроризм ва сафарбар намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ба мубориза бо ифротгароии ҷангҷӯй бахшида шудаанд.
Дар нахустин чунин чорабинии имрӯз сарвари СММ зикр кард, ки COVID-19 боиси ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани системаи тандурустӣ ва идоракунии иқтисодӣ гардид ва мушкилоти ҷаҳони муосирро ошкор кард.
Ба гуфтаи Гутерриш, ҳанӯз дар бораи тасвири пурраи таъсири COVID-19 ба рафтори террористон ҳарф задан барвақт аст, аммо аллакай маълум аст, ки ҷинояткорон пинак намераванд ва талош мекунанд, ки аз ин вазъияти душвор ба нафъи худ истифода намоянд.
«ДОИШ кӯшиш мекунад, ки ҳузури худро дар Ироқ ва Ҷумҳурии Арабии Сурия барқарор кунад, ҳазорон ҷангҷӯ — террористи хориҷӣ дар ин минтақа меҷанганд, талош мекунанд, ки дар низоъҳо дар ҷойҳои дигар низ иштирок намоянд ва ё муваққатан боздошт шудаанд. Аъзои оилаҳои онҳо мисли пештара дар ҳолати ногувор қарор доранд» — гуфт Дабири кулли СММ.
Антониу Гутерриш ба ин назар аст, ки пандемия дар қатори чизҳои дигар, нуқтаҳои заифи муқовимати муштаракро бо шаклҳои нави терроризм, аз ҷумла ҳамлаҳои кибернетӣ ва терроризми биологӣ ошкор намуд.
«Ҳамчун вирус, терроризм сарҳадҳои давлатиро эътироф намекунад. Вай барои тамоми кишварҳо хатарнок аст ва танҳо дар натиҷаи кӯшишҳои муштарак метавонад мағлуб шавад. Бинобар ин ҳангоми ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъала мо бояд ба усули бисёртарафӣ такя намоем», — таъкид кард Дабири кулли СММ.
Вохӯриҳое, ки аз тарафи СММ дар ин ҳафта ташкил шудаанд на танҳо барои онанд, ки ҷанбаҳои нави вобаста ба пандемияи COVID-19 –ро равшан намоянд, инчунин стратегияи минбаъдаро муайян созанд. Роҳбари СММ дар навбати худ, панҷ самти фаъолиятро муайян намуд:
1. Дар давраи бӯҳрон мубориза суст нашавад ва сармоягузории барномаҳои зидди террористӣ зиёд карда шавад;
2. Таҳдидҳо ва тамоюлҳои террористӣ пайгирӣ шаванд ва усулҳои навини муқовимат бо онҳо бо такя бар консепсияҳо ва технологияҳои муассир истифода шаванд;
3. Ҷанбаҳои гендерӣ ба назар гирифта шаванд ва зарурати ҳимояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон ҳангоми мубориза бар зидди терроризм фаромӯш нашаванд;
4. Имкон дода нашавад, ки террористҳо аз таконҳои равонӣ, иҷтимоъӣ, иқтисодӣ ва сиёсии вобаста ба COVID-19 ба манфиати худ истифода намоянд, аз ҷумла идеологияи худро паҳн намоянд ва ҷавононеро, ки умед ба зиндагии беҳтарро аз даст додаанд, истихдом намоянд.
5. Ташкил намудани табодули иттилоот ва таҷрибаи таъмини амният дар давраи пандемия.
Гутерриш итминон дорад, ки баҳсҳое, ки дар ин ҳафта баргузор мешаванд, барои муқовимат бо терроризм ҳам дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ ва ҳам дар давраи барқароршавӣ пас аз он, мусоидат хоҳанд кард.
ДАР АКС: Ҳарбиёни Нигерия ҷангҷӯёни ДОИШ-ро дар Сахара таъқиб мекунанд. Пас аз шикасти низомӣ дар Ироқ ва Сурия ҷангиёни Давлати исломӣ фаъолияти худро махфиёна идома медиҳанд. Акс аз ЮНИСЕФ / У. Гилбертсон








Дар Минск вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе оид ба усулҳои нави ҷамъоварии маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷаласа доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Ба ноҳияи Лахш як экскаватор ва як мошини пуриқтидори сӯхторхомӯшкунӣ ворид карда шуд
Мулоқоти Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Исломобод






