Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 19 март дар шаҳри Манилаи Ҷумҳурии Филиппин Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба низомҳои агрозуқаворӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар форум масъалаҳои мубрами рушди низомҳои агрозуқаворӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи кишоварзӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Роҳбарону намояндагони давлатҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ таҷриба ва пешниҳодҳоро оид ба рушди устувори бахши кишоварзӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба озуқавории босифат пешниҳод намуданд.
Инчунин дар доираи форум мулоқоти Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода бо Директори Идораи бахши кишоварзӣ, озуқаворӣ, табиат ва рушди деҳот дар Бонки Осиёии Рушд Ҷянфэн Чжан баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ, обу иқлим ва рушди деҳот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муҳаммадсаид Файзуллозода аз дастгирии пайвастаи Бонки Осиёии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз намуд, ки ҳамкории судманд дар самтҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани инфрасохтори озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи самараноки обу иқлим барои рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ доранд.
Ҳамчунин ҳамсуҳбатон доир ба густариши ҳамкории минбаъда, ҷалби сармоягузориҳои нав ва амалисозии барномаҳои муштарак, ки ба рушди бахши аграрӣ ва баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ равона шудаанд, табодули назар намуданд.
Муҳаммадсаид Файзуллозода барои ҳамкории самарабахш ва дастгирии доимӣ дар татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва обу иқлим изҳори сипос намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд таъкид кард.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






