Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид

Март 19, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 19.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои муҳими марбут ба риояи қонунгузорӣ дар самти муомилоти доруҳои психотропӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа нахуст фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар солҳои 2024–2025 ва се моҳи аввали соли 2026 натиҷагирӣ шуд.

Изҳор гардид, ки аз ҷониби Шуро дар ин давра як зумра чорабиниҳои назаррас амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, санҷишҳои муштарак гузаронида шуда, якчанд ҳолатҳои қонуншиканӣ ошкор ва пешгирӣ шуд. Аз ин лиҳоз, риояи қатъии қонунгузории амалкунанда аз ҷониби кормандони сохаи тиб, масъулини дорухонаҳо ва дигар субъектҳои марбута аҳамияти хосса дорад.

Зимни баррасии масъала, таваҷҷуҳи асосӣ ба тартиби дурусти навиштани дорухатҳо равона гардид. Аз ин рӯ, зарур дониста шуд, ки назорат аз болои фаъолияти муассисаҳои тиббӣ пурзӯр гардида, сатҳи масъулияти шахсии табибон баланд бардошта шавад. Ҳамзамон, масъалаи иҷрои талаботи қонунгузорӣ ҳангоми хариду фурӯши доруҳои психотропӣ дар дорухонаҳо мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки фурӯши чунин доруҳо танҳо дар асоси дорухат ва тибқи меъёрҳои муқарраргардида бояд амалӣ гардад. Ҳолатҳои фурӯши ғайриқонунӣ, бе дорухат ё бо вайрон намудани тартиби муқарраргардида ҳамчун қонуншиканӣ арзёбӣ гардида, нисбат ба қонунвайронкунандагон чораҳои лозимӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар ҷараёни ҷаласа, инчунин нигаронии ҷиддӣ аз истифодаи доруҳои дорои таъсири психотропӣ аз ҷониби ҷавонон изҳор гардид. Таъкид шуд, ки тамоюли рӯзафзуни истифодаи чунин моддаҳо миёни ҷавонон метавонад ба саломатии онҳо ва амнияти ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Аз ин лиҳоз, зарурати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарбиявӣ ва пешгирикунанда дар байни наврасону ҷавонон, ҷалби падару модарон, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирии ин падида муҳим арзёбӣ мешавад.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ ва дигар ниҳодҳои марбута зимни барассии мавзуи мавриди назар оид ба вазъи кунунӣ, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа, барои беҳтар намудани вазъ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият як қатор қарорҳои мушаххас қабул карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Март 19, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд