Асарҳои омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро тамошобинони хориҷӣ хуб пазироӣ карданд-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Июль 28, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 28.07.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Моҳи декабри соли 2019 дар Осорхонаи санъати Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин  намоиши санъати портрет таҳти унвони «TOURPORTRAIT» бо иштироки давлатҳои аъзои СҲШ кушода шуд, ки то  20 марти соли равон идома ёфт. Дар намоиши мазкур офаридаҳои рассомони тоҷик- омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба тамошо гузошта ва аз ҷониби тамошобинони хориҷӣ  хуб пазироӣ шуданд.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода ба хабарнигорон иброз намуд.

Зимни нишаст зикр шуд, ки баъд аз ҷамъбасти натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 фоизи нақшаи қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2020-2021 дар Донишкада иҷро гардид. Аз ин рӯ дар Донишкада комиссияи махсуси қабули ҳуҷҷатҳо таъсис дода шудааст. Ҳамчунин тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ба диққати нафароне, ки дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат зиндагӣ мекунанд ва хоҳиши дар Донишкада таҳсил намудан доранд, расонида мешавад, ки ҳуҷҷатҳояшон бе ҳузури онҳо қабул карда мешавад ва дар давраи имтиҳон иштироки онҳо ҳатмӣ мебошад.

Ҷ.Ғанизода зикр кард, ки айни  замон теъдоди муҳассилини  донишкада 1481 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 21 нафарашон донишҷӯёни хориҷӣ мебошанд. Донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон буда, баъзеи онҳо тариқи бурсияҳо дар донишкада таҳсил мекунанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо мақсади рушди санъати тасвирӣ ва дизайн раёсати донишкада дар давраи фаъолияти худ то инҷониб бо 8 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ равобити ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Дар донишкада таълим дар зинаи бакалавриат (шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ) ва магистратура (рӯзона) ба роҳ монда шудааст.

Июль 28, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид