Асарҳои омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро тамошобинони хориҷӣ хуб пазироӣ карданд-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Июль 28, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 28.07.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Моҳи декабри соли 2019 дар Осорхонаи санъати Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин  намоиши санъати портрет таҳти унвони «TOUR—PORTRAIT» бо иштироки давлатҳои аъзои СҲШ кушода шуд, ки то  20 марти соли равон идома ёфт. Дар намоиши мазкур офаридаҳои рассомони тоҷик- омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба тамошо гузошта ва аз ҷониби тамошобинони хориҷӣ  хуб пазироӣ шуданд.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода ба хабарнигорон иброз намуд.

Зимни нишаст зикр шуд, ки баъд аз ҷамъбасти натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 фоизи нақшаи қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2020-2021 дар Донишкада иҷро гардид. Аз ин рӯ дар Донишкада комиссияи махсуси қабули ҳуҷҷатҳо таъсис дода шудааст. Ҳамчунин тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ба диққати нафароне, ки дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат зиндагӣ мекунанд ва хоҳиши дар Донишкада таҳсил намудан доранд, расонида мешавад, ки ҳуҷҷатҳояшон бе ҳузури онҳо қабул карда мешавад ва дар давраи имтиҳон иштироки онҳо ҳатмӣ мебошад.

Ҷ.Ғанизода зикр кард, ки айни  замон теъдоди муҳассилини  донишкада 1481 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 21 нафарашон донишҷӯёни хориҷӣ мебошанд. Донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон буда, баъзеи онҳо тариқи бурсияҳо дар донишкада таҳсил мекунанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо мақсади рушди санъати тасвирӣ ва дизайн раёсати донишкада дар давраи фаъолияти худ то инҷониб бо 8 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ равобити ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Дар донишкада таълим дар зинаи бакалавриат (шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ) ва магистратура (рӯзона) ба роҳ монда шудааст.

Июль 28, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ