Бо кумаки саховатпешагон Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов ба маҳаллаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб хати оби нӯшокӣ кашида шуд

Июль 9, 2020 13:55

ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  соҳибкорону афроди саховатпеша  дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзанда мегузоранд.  Аз ҷумла, бо  саҳми  зодагони шаҳри Кӯлоб — Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов, ки айни замон сокинони шаҳри  Душанбе мебошанд, ба маҳаллаи Лоҳутӣ хати нави оби тозаи ошомиданӣ кашида шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сокинони маҳаллаи Лоҳутӣ  солҳо аз норасоии оби тозаи нӯшоӣ танқисӣ мекашиданд.

Сокинони маҳалла аз Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов миннатдоранд, ки ин мушкили онҳоро осон гардониданд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалҳои хайру ватандӯстона даст задани  соҳибкорону афроди саховатпеша вусъат меёбад, ки он ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

 

АКСҲО аз бойгонӣ

Июль 9, 2020 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд