Буҷаи гендерӣ — воситаи бартарафсозии мушкилоти ин соҳа дар вазорату идораҳо

Июль 20, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзишӣ» дар мавзӯи «Буҷаи гендерӣ — василаи бартарафсозии мушкилоти гендерӣ дар вазорату идораҳои соҳавӣ» ҳамоиш баргузор гардид.

Ҳамоиш барои аъзои гурӯҳи соҳавии вазоратҳои кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт ва кумитаҳои меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Ҳадаф аз баргузории он нишон додани аҳамияти ба инобатгирии ҷанбаҳои гендерӣ ҳангоми таҳияи дархостҳои буҷавӣ дар вазорату кумитаҳои номбурда  мебошад.

Дар ҷараёни ҳамоиш мутахассисони Гурӯҳи идоракунии лоиҳа, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба вазъи иштироки  занон дар бозори меҳнати мамлакат ва нақши онҳо дар рушди иқтисоди оила, нақши вазорату идораҳои дахлдор дар татбиқи сиёсати гендерии давлат, аҳамияти механизми роҳандозӣ, таҷрибаи пешқадам ва татбиқи буҷети гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши лоиҳаи ТИКТО дар касбомӯзии ҷавонон дар асоси салоҳият ва тақвияти ҳамкории вазорату идораҳо бо литсейҳои ҳадафӣ сухан гуфтанд.

Июль 20, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад