Дар давраи пандемияи коронавирус дар Хуҷанд ба маблағи 37,8 миллион сомонӣ маводи муҳофизатӣ истеҳсол шуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бо ниқобҳои тиббӣ, либосҳои махсус ва маҳлулҳои безараргардонӣ таъмин намудани аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ дар давраи пандемияи коронавирус 13 корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 37,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Дар ин хусус раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Қобили зикр аст, ки қаблан маҳсулоти мазкур асосан аз хориҷа ворид карда мешуд. Дар 6 моҳи соли 2020 4,2 миллион ниқобҳои тиббӣ истеҳсол шудааст.
«Аз оғози пайдоиши коронавирус маъмурияти шаҳр барои хариди доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ беш аз 380 ҳазор сомонӣ ҷудо намуда буд. Айни замон дар шаҳр 16 муассисаи тиббӣ фаъолият менамояд, ки бо 75 дастгоҳи нафаскашии сунъӣ таъмин шудаанд», — иброз намуд мавсуф.
Ба гуфтаи вай, барои табобати беморони коронавирус 4 беморхона, аз ҷумла беморхонаи клиникии вилоятӣ, таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаи шаҳрии №2 ва беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳр сафарбар шуда буданд. Барои муоинаи таъҷилии аҳолӣ ва ба муроҷиаткунандагон додани машваратҳои аввалияи тиббӣ 53 бунгоҳи иловагии тиббӣ ташкил шудааст.








Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд






