Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва вилояти Хатлон дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз вазорат хабар доданд.
Мақсади баргузории ҷаласа аз иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидори нав, фаъол гардонидани иқтидори амалкунанда ва дар маҷмуъ таъмини рушди иқтисоди мамлакат иборат буд.
Гуфта шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 бояд муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.
Дар ин замина аз ҷониби муовини Вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Муҳиддин, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмон Ашурализода ва муовини Раиси вилояти Хатлон Ашурбой Солеҳзода дурнамои нишондиҳандаҳои асосӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 муаррифӣ карда шуд.
Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






