Дар Исфара даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид

Июль 29, 2020 08:55

 ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Исфара даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст ва ғолибон қадршиносӣ гардиданд.​ Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар озмун довталабони синни гуногун ширкат намуда,​ шеъру ғазалҳои азёдкарда ва асарҳои аз осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон хондаашонро манзури ҳакамон намуданд.

Дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони классики тоҷик Гулҷаҳон Икромова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони муосири тоҷик Зайнуриддин Заҳайризода, дар бахши аз ёд кардан ва хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик Фотима Деҳқонова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адабиёти ҷаҳон Шаҳнавоз Акрамова ва дар бахши шоирӣ Абдураҳмон Авезов бо хулосаи ҳайати ҳакамон сазовори ҷойҳои аввал дониста шуданд.

Аъзои ҳакамон бо изҳори қаноатмандӣ аз лаёқат ва дониши довталабон ба сатҳи ташкили озмун баҳои баланд доданд.

Ғолибони даври шаҳрии озмун барои иштирок дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифтанд.

Акс аз бойгонӣ

Июль 29, 2020 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид