Дар шаш моҳ дар Тоҷикистон 376,8 тонна пилла истеҳсол шуд

Июль 6, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 06.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи  аввали соли равон дар Тоҷикистон  376,8 тонна пилла истеҳсол гардид. Айни замон дар хоҷагиҳои кирмакпарвари ҷумҳурӣ  ҷамъоварии  он  идома дорад. Соли равон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба миқдори 18500 қуттӣ тухми кирмак ворид гардида, ба кирмакпарварони ҷумҳурӣ тақсим карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, ҳоло корхонаҳои коркарди пилла, аз ҷумла ҶДММ «ВТ-Силк» ва ҶДММ «Дук» фаъолият доранд, ки ресмон ва матои абрешими надофӣ истеҳсол менамоянд. ҶДММ «Атласи Хуҷанд» ягона корхона дар самти истеҳсоли матои атлас дар ҷумҳурӣ буда, дар он зиёда аз 50 нафар кормандон ба кор ҷалб гардидаанд. Дар корхона истеҳсоли зиёда аз 60 намуд матои атлас ва 30 намуд матои адрас ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади фароҳам овардани замина барои коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо, инчунин ҷиҳати татбиқи  банди 26 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноат 14 октябри соли 2019 баён доштанд, «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» таҳия ва тасдиқ карда шуд.

Июль 6, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид