Дар Қубодиён соли оянда ду мактаби муосир мавриди истифода қарор мегирад
БОХТАР, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Қубодиён муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо синфхонаҳои васеъ ва шароити муосир барои кори омӯзгорон ва таҳсили мактаббачаҳо соли оянда ифтитоҳ хоҳанд шуд. Дар ин бора Мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 163 иморати таъйиноти гуногун бунёд, бозсозӣ ва мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. «Ҳамаи иморатҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорони ноҳия сохта мешаванд», — иброз доштанд роҳбарияти ноҳия.
То имрӯз дар Қубодиён 95 иморати таъйиноти иҷтимоӣ – иқтисодӣ, инчунин фарҳангӣ ба истифода дода шудааст.
Сохтмони 44 иморати дигар дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Аз ҷумла, дар ин рӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар 2 корхонаи саноатӣ, 3 муассисаи тиббӣ, 2 муассисаи маориф, 4 муассисаи фарҳангӣ ва фароғатӣ ва 25 бинои соҳаи хизматрасонӣ идома доранд.
«Илова бар ин, дар ноҳия 9 майдони варзишӣ, 26 нуқтаи савдо, як иморати нави маъмурӣ ва биноҳои дигар бунёд хоҳанд шуд», — тавзеҳ дод манбаъ.








СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан бунёди иншооти соҳаи маориф идома дорад
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд






