Дар як зумра шаҳрҳои Тоҷикистон низоми муосири назорат ва ҳисоби нерӯи барқ ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» ҷорӣ намудани низоми муосири назорат ва ҳисоби нерӯи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара татбиқи шартномаи идоракунии беруна дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва дастгирии буҷети давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазир Ҷамшед Шоимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар идома мавсуф тазаккур дод, ки дар ин робита аз ҷониби Бонки Рушди Осиё барои маблағгузории барнома 105 млн. доллари ИМА маблағ ҳамчун грант пешбинӣ карда шудааст. Аз он 70 млн. доллари ИМА барои кам намудани талафоти энергияи барқ, 15 млн. доллари ИМА барои маблағгузории шартномаи идоракунӣ дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва 20 млн. доллари ИМА барои дастгирии буҷети давлатӣ равона карда хоҳад шуд. Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи мазкур барои ҷорӣ намудани низоми назорат ва ҳисоби нерӯи барқ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 25 млн. доллари ИМА ба сифати қарзи имтиёзнок пешниҳод менамояд.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли равон истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 10 млрд. 243,2 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 112 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 101,1 фоиз таъмин карда шуд (бо дарназардошти 280 адад НБО-и хурд).
Ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқи бафурӯшбаровардашуда дар давраи ҳисоботӣ 912, 4 млн. кВт. соатро ташкил дод, (аз он 2,8 млн. кВт. соат аз ҳисоби ширкати «Помир -Энерҷӣ»), ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 345 млн. кВт. соат кам буда, суръати афзоиш 72,5 фоизро ташкил дод.
Ҷ. Шоимзода афзуд, ки вазорат дар баробари бунёди неругоҳҳои барқи обии нав, ба масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Айни ҳол таҷдиди неругоҳҳои «Сарбанд», «Қайроққум» ва марҳилаи якуми таҷдиди неругоҳи барқи обии «Норак» идома доранд, ки баъди таҷдиди пурра, тавоноии ин се неругоҳ нисбат ба тавоноии воқеии имрӯзаи онҳо, афзоиш хоҳад ёфт.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






