Дастаи мунтахаби то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ба Чемпионати Осиё-2020 омодагӣ мебинад

Июль 23, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19—солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббии даста  Мубин Эргашев омодагиро ба Чемпионати Осиё-2020 шурӯъ кард. Ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дар шаҳри Душанбе то 26 июли соли равон  идома меёбад, 22 бозингар даъват карда шудааст. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи итиллои манбаъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки аз 14  то 31  октябри соли равон  дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Малайзия (16 октябр), Яман (19 октябр) ва Қатар (22 октябр) рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки чаҳор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонон ба Ҷоми ҷаҳон-2021, ки соли оянда дар давлатӣ Индонезия доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров, Шаҳром Назаров («Хуҷанд»), Шоҳрух Сангов, Муҳаммад Саломзода, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарипов («Локомотив-Помир»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);

Нимҳимоятгарон: Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов («Истиқлол»), Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Нидоёр Забиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Муҳаммад Буризод, Умедҷон Холиқов («Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев («Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Июль 23, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад