ҶДММ «Вежа фарм» дар давраи паҳншавии COVID-19 маводи дорувории воридивазкунанда истеҳсол намуд

Июль 9, 2020 09:33

ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли 2020 корхонаи дорубарории «Вежа фарм» дар маҷмӯъ 3285 ҳазор флакон «глюкоза», «натрий хлорид», «левофлаксатсин» ва маҳлули «рингер»-ро истеҳсол ва дар давраи афзоиши паҳншавии коронавируси навъи «COVID-19» ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ пешниҳод намуд.

Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корхонаи дорубарорӣ соли 2015 ҳамчун ҶДММ «Вежа фармасевтикал» дар иқтидорҳои бекорхобидаи ҶСП «Фарфор»-и шаҳри Турсунзода бо ҷалби зиёда аз 30 млн. сомонӣ қарзҳои бонкӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Биною иншооти барои корхонаи дорубарорӣ пешбинигардида ба таври замонавӣ таъмир карда шуда, таҷҳизоти муосири технологии дорубарорӣ аз ҷумҳуриҳои Украина ва Чин харид, ворид ва васлу насб карда шуданд.

Дар корхонаи мазкур истеҳсоли зиёда аз 15 намуд маводи доруворӣ аз қабили моеъҳои «новокаин», «рингер», «натрий хлорид» 200, 250 млг. «глюкоза» 200, 250 млг., «трисол» 200, 250 млг., «манит» аз 100 то 500 млг., «метронидазол» аз 100 то 500 млг. «реоплиглюкин» аз 200 то 500 млг. ба роҳ монда шуда, имкон фароҳам омад, ки корхона солона дар ҳаҷми то 10 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намояд.

Моҳи марти соли 2020 бо сабаби паҳн гардидани пандемияи коронавируси навъи «COVID-19» ва дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхона аз тарафи соҳибкорони ватанӣ харид шуда, пас аз таъмири ҷорӣ ва барқарор намудани системаи электронии идоранамоии раванди истеҳсолот ҳамчун ҶДММ «Вежа фарм» ба фаъолияти истеҳсолии муназзам шурӯъ намуд.

Муттасадиёни корхонаи навтаъсис бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар як муддати кутоҳ тамоми система ва хатҳои технологии корхонаро ба кор андохтанд.

Ба иттилои манбаъ, масъулини корхона мақсад дорад, ки бо таъмин намудани бозори дохилӣ дар оянда маҳсулоти худро ба давлатҳои хориҷи наздик содирот намояд. Инчунин дар назар аст, ки то охири соли равон хати технологии истеҳсоли доруворӣ дар намуди ампула ворид ва васлу насб карда шавад. Дар ин қатор ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳудуди корхона хати истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ бо назардошти талаботи стандатрҳои байналмилалӣ то охири ҳамин сол мавриди истифода қарор дода шавад.

Дар айни замон шумораи коргарон 103 нафарро ташкил медиҳанд ва бо ба кор андохтани ду хати нави истеҳсолӣ шумораи коргарон ба 200 нафар расонида хоҳад шуд.

Ҳамзамон мутасаддиён тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ хати истеҳсолоти маҳсулоти гуногунро барои кӯдакони ширхор ба роҳ монда, омӯзиши бозори дохилӣ ва минтақаро баҳри истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти соҳавии воридотивазкунанда тақвият бахшанд. Дар ин самт низ корҳои омодагӣ идома доранд.

Июль 9, 2020 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид