Футболбозони Тоҷикистону Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон барои баргузор намудани бозии дӯстона байни ин ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Вохӯрии мазкур санаи 4 сентябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд 31 март баргузор мешуд, вале бинобар сабаби бемории коронавирус вақти баргузории ин дидор мавқуф гузошта шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон то ин замон байни ҳамдигар 8 вохӯрӣ доир намудаанд. Маротибаи охир дастаҳо 15 ноябри соли 2011 дар шаҳри Тошканд бозӣ намуда буданд.
Таърихи вохӯриҳои байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон:
Ҷоми Осиёи Марказӣ
Тоҷикистон – Ӯзбекистан – 2:2
Голҳо Тоҷикистон: Муҳсин Муҳаммадиев, 72, 86.
17 июни соли 1992, Тошканд, Ӯзбекистон
Мусобиқаи байналмилалӣ
Ӯзбекистон – Тоҷикистон– 1:1
Голи Тоҷикистон: Валентин Шашков, 25.
17 апрели соли 1994, Тошканд, Ӯзбекистон
Ҷоми Осиё-1996. Марҳилаи интихобӣ
Тоҷикистон– Ӯзбекистон – 4:0
Голҳо: Ҳаким Фузайлов, 3, пеналти, Алиёр Ашурмамадов, 65, 67, Арсен Аваков, 87.
8 маяи соли 1996, Душанбе, Тоҷикистон
Ҷоми Осиё-1996. Марҳилаи интихобӣ
Ӯзбекистон – Тоҷикистон – 5:0
19 июни соли 1996, Тошканд, Ӯзбекистон
Ҷоми Осиё-2004. Марҳилаи интихобӣ
Ӯзбекистон – Тоҷикистон– 0:0
10 ноябри соли 2003, Тошканд, Ӯзбекистон
Ҷоми Осиё-2004. Марҳилаи интихобӣ
Тоҷикистон – Ӯзбекистон – 1:4
Голи Тоҷикистон: Пирмурод Бурҳонов, 65.
17 ноябри соли 2003, Бангкок, Таиланд
ҶҶ-2014. Марҳилаи интихобӣ. Даври сеюм
Тоҷикистон – Ӯзбекистон – 0:1
2 сентябри соли 2011, Турсунзода, Тоҷикистон
ЧМ-2014. Марҳилаи интихобӣ. Даври сеюм
Ӯзбекистон – Тоҷикистон – 3:0
15 ноябри соли 2011, Тошканд, Ӯзбекистон








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






