«ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад

Июль 8, 2020 12:05

ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 8 июл дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Ин табақаи осебпазири ҷомеа ҳама вақт дар мадди назари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро пайгирӣ намуд.

Тавре сардори Раёсати назорати таъйин, пардохт ва андохтҳои нафақавии  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар Каримиён иброз намуд, ба ҳолати 1 апрели соли 2020 теъдоди маъюбон дар ҷумҳурӣ 149 860 нафарро ташкил дода, аз онҳо 15 680 нафар маъюбони гурӯҳи I, 72 692 нафар маъюбони гурӯҳи II, 32 950 нафар маъюбони гурӯҳи III ва 28 538 нафар кӯдакони маъюби то синни 18-сола мебошанд.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ  шароити будубоши маъюбон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд хеле хуб буда, онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбанд. Дар ҷумҳурӣ аз соли 1989 то инҷониб Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон  фаъолият дорад, ки  ҳадафи аслии он ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати  иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

 Бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.  Аз ҷумла,  соли 2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017- 2020» таҳия ва қабул гардид, ки мақсади асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон, беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва солимгардонии онҳо мебошад.

Бояд иброз намуд, ки моҳи марти соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи маъюбон имзо гузоштанд. Ин Конвенсия аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт.

ДАР АКС: Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми имзои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон. Ню-Йорк, с. 2018.

Дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро этироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Ҷиҳати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин, Кумитаи роҳбарикунандаи «Мубаддалгардонии хуқуқи одамони имконияташон махдуд ба воқеъият», ки дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ҷиҳати мутобиқсозии қонунгузории соҳа ба  ин конвенсия фаъолият менамояд. Ғайр аз ин, баҳри амалишавии муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  27 феврали соли 2020  дар бораи   «Нақшаи  миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсияи СММ Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024» ба тасвиб расидааст.

Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ, маъюбон ҳуқуқ ба таҳсил, кор ва дигар фаъолиятҳоро доранд, ки ба беҳбуди рӯзгори онҳо равона шудааст. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар ҷомеаи имрӯза бисёр шахсони имконияташон маҳдуде ҳастанд, ки новобаста ба нуқсонҳои худ дар ҷамъият ҳамчун шахсони  пешқадаму фаъол шинохта шудаанд. Имрӯзҳо  бештари онҳо ҳамчун варзишгар,   рассом сарояндаю ҳунарманд дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд.

Чила Мамадназарова роҳбари Ташкилоти ҷаъмиятии маъюбон «Ғамхор» дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар суҳбат зикр кард, ки дар ноҳияи мазкур  зиёда аз 800 нафар кӯдакони маъюби то синни 16 ва калонсолон зиёда аз 1000 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамасола ин қишри ҷомеа аз тарафи Ҳукумати мамлакат бо туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.

«Аз тарафи ташкилоти мазкур дар ҳудуди ноҳия сехи дузандагӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд таъсис дода шуд, ки дар он маъюбон ба кору фаъолият ҷалб гардидаанд. Шахсони  саховатпеша низ ба маъюбони ноҳия дасти кӯмак дароз мекунанд. Ба наздикӣ Назархудо Дастамбуйев ба мо 5000 сомонӣ кӯмак намуд, ки мо ба ин маблағ  арои сехи дӯзандагӣ таҷиҳизот харида, ба кор оғоз намудем. Шахсоне, ки имконияташон маҳдуд аст ва хатмкунандагони «Литсейи махсуси маъюбон» дар ноҳия ба кор фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла бо аробачаи маъюбӣ 2 нафар ҳастанд ва 5 нафар маъюбе, ки фалаҷи майнаи сар доранду як тарафашон кор намекунад, аммо новобаста аз ин онҳо аз ӯҳдаи дузандагӣ баромада метавонанд, ба кор ҷалб гардидаанд»- афзуд Чила Мамадназарова.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати давлатии худ ба масъалаҳои маъюбӣ, камбизоатӣ ва дигар масоиле, ки ҳаёти рӯзмарраи ин гурӯҳи шаҳрвандонро халалдор месозад, диққати ҷиддӣ медиҳад ва назари афроди солимро нисбат ба ин табақа бо ғамхории пайваста тағйир медиҳад.

Мутаассифона, ҳёти одамони маъюб хеле душвор аст. Аммо бар замми ин  маъюбон кӯшиш мекунанд, ки онҳо тавоно, зирак, мустақил  ва аъзои баробарҳуқуқи ҷомеа бошанд, гарчанде ки онҳо баъзан ба кӯмаки атрофиён ниёз доранд. Аммо, як қоидаи тиллоӣ вуҷуд дорад: пеш аз он ки нафари солим ба чунин ашхос коре ё кӯмаке расонданӣ шавад, бояд аввал барои эҳтироми шахсияташ аз ӯ суол кунад, ки оё ӯ ба кӯмак ниёз дорад ё не?  Ин тарзи рафтори шахси солим нисбат ба  онҳо нишон медиҳад, ки маъюбон низ узви ҷомеа ва пеш аз ҳама инсонанд. Эҳтирому ғамхории ҳар нафари солим ба маъюбон ба онҳо умеди дигаре ба оянда мебахшад.

 

София Шоик
АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2020 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд