Гурӯҳи корӣ бо имкониятҳои қабулу хизматрасонии инфрасохтори сайёҳӣ дар ВМКБ шинос шуд

Июль 6, 2020 15:19

ДУШАНБЕ, 06.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боздиду вохурӣ бо сокинону фаъолони ҷамоату деҳот ва деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ оид ба вусъати раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, баррасии пешгирии бемории COVID-19 ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт, омода намудани меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ барои қабули сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Хоруғ ва Мурғоб дидан намуд.

Дар рафти сафар гурӯҳи корӣ ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, ҳомстейҳо, гестҳаусҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, норасоии мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ дар ин соҳа, ба талабот ҷавобгўй намудани ҳолати санитарию гигиении марказҳои хизматрасонӣ, мабразу дастшӯйгоҳҳо ва ҷойҳои тамошои сайёҳӣ бо мақсади пешгирӣ аз вируси COVID-19, дар мавзеъҳои сайёҳии минтақа фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, бештару беҳтар тарғиб намудани имкониятҳои сайёҳии вилоят берун аз ҷумҳурӣ, фаъол намудани хатсайрҳои сайёҳӣ, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои сайёҳӣ, тарғиби имкониятҳои сайёҳии вилоят тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз пиряхи Федченко, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Биби Фотимаи Заҳро, қаторкўҳои сайёҳгузар, Булун-кӯл диданд намуд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя аз Бонки Ҷаҳонӣ Қалъаи «Ямчун» дар ВМКБ бозсозӣ шуда, ба сатҳи байналмилалӣ расонида мешавад. Гурӯҳи корӣ аз мавзеи мазкур дидан карда, бо масъулин дар самти рушди инфрасохтор ва ҷалби мутахассисону роҳбаладони таҷрибадор барои аз нигоҳи илмӣ асоснок муаррифӣ намудани мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ суҳбат кард.

Бо дастгирии Кумита дар вилоят Ассотсиатсияи экологӣ-фарҳангии сайёҳии Помир (PECTA) таъсис дода шудааст, ки зиёда аз 10 субъекти хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродии соҳаи сайёҳиро муттаҳид месозад. Инчунин, бо мақсади мусоидат дар пешбурди фаъолияти сайёҳӣ таъмини рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии вилоят, бо тартиби муқарраргардида то имрӯз ба 44 субъекти хоҷагидори вилоят иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шудааст.

ДАР АКС: Гармчашма

Айни замон дар шаҳри Хоруғ 17 ширкат, ноҳияҳои Шуғнон — 3, Рӯшон — 5, Мурғоб — 14, Дарвоз — 2, Ишкошим — 2 ва дар Ванҷ — 1 ширкати сайёҳӣ ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.

Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят зиёда аз 50 меҳмонхона ва ҳомстею гестҳаусҳо, 6 осоишгоҳ амал менамоянд ва гурӯҳи корӣ аз имкониятҳои хизматрасонӣ ҳолати санитарию гигиении онҳо дидан карданд. Бо ба эътидол омадани вазъи паҳншавии пандемия иншооти мазкур омодаи қабули сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Аз рўи таҳлилҳо дар соҳа ва мушкилиҳои ҷойдошта гурӯҳи корӣ ба сохторҳои марбута ҷиҳати таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятнок, ҳавасмандӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории зичи сохторҳои марбутаи сайёҳии вилоят бо мақоми ваколатдор, вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи сиёсати босамари давлатии соҳаи сайёҳӣ, ташкили омўзишҳо бо ҷалби соҳибкорон дар самти ташаккули бизнеси сайёҳӣ, ташкили иқлими мусоиди сармоягузорӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои минтақаҳои бартариятдошта, беҳтар намудани сифати алоқаи мобилӣ ва таъмини интернет дар мавзеъҳои сайёҳгузар, таҳия ва чопи маводҳои таблиғотии соҳа барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии мавзеъҳои тамошобоби вилоят, таъмини мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ, инъикоси ҳамаҷониба имкониятҳои сайёҳии ноҳияҳои вилоят тариқи ВАО, ташкили гушаҳои сайёҳӣ бо забонҳои давлатию хориҷӣ, таъсиси сомонаи алоҳида вобаста ба имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ва фаъол намудани онҳо дар маҳалҳо, боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, дар мавзеъҳои сайёҳӣ ташкили гестҳаусҳо бо такя ба унсурҳои миллӣ ва нигаҳдошти ҳолати санитарию гигиении онҳо, таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ бо истифода аз имтиёзҳои андозӣ дар шаҳру ноҳияҳо, насби лавҳаҳои ишоратии сарироҳӣ бо се забон дар даромадгоҳҳо ва ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, таъсиси гушаҳои фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори муосир дар атрофи пиряхи Федченко аз ҳисоби шарикони рушд, маблағгузории “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар маҳал, бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии пешбинишуда сохтмони иншооти хизматрасонии дорои ташноб, ҷойи дастшуӣ, ҳаммоми хурд, хуроки тезтайёр, ҷойи истироҳат ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт дар шафати шоҳроҳҳо барои сайёҳон бо ҷалби соҳибкорон, тартиби пешниҳод намудани маълумотҳои дурусти омори сайёҳӣ, аз ҷумла ҷиҳати табодули таҷрибаи вилоятҳо дар самти ташкил ва дуруст ба роҳ мондани омори сайёҳии дохилӣ, ба кор ҷалб намудани кормандони дорандаи риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва этикаи касбӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати хизмарасонӣ, омода намудани кадрҳои лаёқадманд барои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва сафарбар намудан ба минтақаҳо, таъсис додани ҷойҳои корӣ аз ҳисоби сайёҳӣ ва ба шуғл фаро гирифтани бештари аҳолии маҳаллӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Қобили тазаккур аст, ки ВМКБ яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рўдҳо ва дарёчаҳои шўх, кўлҳо, кўҳҳо ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шўҳрати калон пайдо кардааст.

Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кўли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Биби Фотимаи Заҳро, қаторкўҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир мусоидат менамоянд.

 

АКСҲО аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 6, 2020 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ брифинг доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Телефони боварии Кумитаи рушди сайёҳӣ мушкили беш аз 30 ҷаҳонгарди хориҷиро бартараф намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 34 ҳазору 80 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзобро тамошо намуданд
Ба шаҳри Норак беш аз 39 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт