Худоёр Худоёрзода: COVID-19 ба фаъолияти тамоми намуди нақлиёт дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд

Июль 15, 2020 17:03

ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ  «Ховар»/. «Пандемияи коронавирус COVID-19 ба  фаъолияти тамоми намуди нақлиёт, ки  ҳамлу нақли байналмилӣ машғул буданд, таъсири манфӣ расонд»- чунин посух дод Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ ба  саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин мавзӯъ.

Дар идомаи посух вазир  илова кард, ки бинобар пандемияи коронавирус, дар чанд моҳи охир миқдори ҳамлу нақли боркашонии  байналмилалӣ  ва мусофирон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

«Зарар аз таъсири пандемияи коронавирус 132 миллион сомониро ташкил медиҳад», — гуфт Худоёр Худоёрзода ва илова намуд, ки вазорат барои ҳалли ин мушкилот  тадбирҳои  дахлдор меандешад.

Дар тӯли 6 моҳи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 38790,2 тонна бор ва 296018,8 мусофир бо ҳама намуди воситаҳои нақлиёт интиқол дода шудааст.

Интиқоли молҳо ва мусофирон ба самтҳои байналмилалӣ, ки қаблан тавассути 18 гузаргоҳи сарҳадӣ амалӣ мешуданд, ҳоло тавассути 6 гузаргоҳи сарҳадӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус  ба роҳ монда шудааст.

Июль 15, 2020 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд