Имрӯз Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ мегузаронанд

Июль 28, 2020 08:15

ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2020 Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ соати 09:00 дар Кумитаи мазкур, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 09:00 дар ниҳоди худ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 11:00 дар маҷлисгоҳи ин вазорат нишасти матбуотӣ барпо менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соати 15:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) мувофиқа менамоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

Июль 28, 2020 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад