Имсол ба таъсиси «Тоҷикфилм» 90 сол пур мешавад. Дар ин муддат киностудия 1234 филми гуногун офаридааст
ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар баробари фаъолияти рӯзмарра диққати асосӣ ба масъалаи омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Яке аз мушкилоти асосии соҳа- ин набудан ва ё дар ҳолати ногувор қарор доштани кинотеатрҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад, ки ба фаъолияти бонизоми Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» монеа эҷод мекунад. Дар ин бора имрӯз директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои директори муассисаи мазкур, айни замон дар тавозуни муассиса 30 кинотеатр боқӣ мондааст. Бо вуҷуди камшумор будани кинотеатрҳо аксарияташон дар вазъи бад қарор доранд.
«Бештари ин кинотеатрҳоро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва дигар идораву корхонаҳо талаби ба ихтиёри худ гузаронидан доранд, аммо мо иқдом гирифтем, ки дар робита ба истиқболи ҷашни бузурги давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроия дар маҳалҳо ва дигар соҳибкорон, нафарони саховатманд кинотеатрҳои кӯҳнаро таъмиру тармим ва навсозӣ намоем. Ҳамин тариқ, мо дар худи муассиса ҳам шояд то рӯзҳои ҷашни «Кинои тоҷик» кинотеатри муосир «Куруш»-ро ба истифода диҳем»,-гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Дар нишаст ҳамчунин зикр шуд, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар робита ба ҷашни 90- солагии ин муассиса тамоми филмҳои аз оғози фаъолият истеҳсолкардаашро ба феҳристи ягона гирдоварӣ карда, ба жанрҳо ҷудо намуд. Баъди гирдоварии филмҳо маълум гардид, ки шумораи умумии онҳо аз рӯзи таъсис то ба имрӯз 1234 ададро ташкил намуда, онҳо ба «Хазинаи тиллоӣ»-и санъати синамои миллӣ ва ҷаҳонӣ ворид карда шудаанд. Аз шумораи умумии филмҳои ҷамъоваришуда 640 ададаш филми мустанад, 330 адад маҷалаи «Тоҷикистони советӣ», 89 адад маҷаллаи ҳаҷвии «Калтак», 20 адад филми тасвирӣ ва 155 адад филми ҳунарӣ мебошанд.








РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид






