«ЛОИҲАИ CASA-1000». Интизор меравад, ки корҳои сохтмонии он то охири соли 2021 пурра ба анҷом расанд

Июль 14, 2020 11:25

ДУШАНБЕ, 14.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар соҳаи электроэнергетика 7 лоиҳаи  сармоягузорӣ  дар марҳилаи татбиқ қарор доранд, ки яке аз онҳо «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000» мебошад. Дар доираи қисматҳои лоиҳаи минтақавии CASA-1000 корҳои лоиҳакашию ҷустуҷўӣ, сохтмонӣ, иҷрои чорабиниҳои  иҷтимоию экологӣ ва таҳияи нақшаи муҳоҷиркунонӣ идома дода шуданд.

 Дар ин бора 13 июл  зимни  нишасти матбуотӣ  муовини вазири  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода  ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Муовини вазир зимни шарҳи бештари ин мавзӯъ иброз дошт, ки «дар доираи сохтмони зеристгоҳи конверторӣ корҳои заминию бетонӣ идома дода шуда, ҳамчунин то ин муддат конструксияҳои металии равоқпояҳо, болтҳои анкерӣ ва қубурҳои заҳкашӣ ба майдони сохтмонӣ ворид карда шуданд. Ҳарчанд хурӯҷи бемории COVID-19 ба суръати корҳои сохтмони бе таъсир намонд,  вале корҳои сохтмони вусъати тоза доранд. То кунун бештар аз 30 дарасади таҷҳизоти зарурии сохтмони тарҳи мазкур ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст».

«Аз ҷумла, таҳти ҳамоҳангсозии Вазорат музокиротҳо байни  ширкати пудратии Калпатару ва ҶДММ «Ноқили Талко» вобаста ба харидории ноқили навъи «ФАЗАН» дар ҳаҷми 1780 км ба анҷом расида, санаи 11 майи соли 2020 шартнома ба маблағи 9,7 млн. доллари ИМА ба имзо расида, маблағи пешпардохт ба ширкати мазкур дар ҳаҷми 1,9 млн. доллари ИМА пардохт карда шуда, вобаста ба баррасии масъалаҳои ҷории лоиҳа аз ҷониби Ситоди доимоамалкунандаи лоиҳа 7 ҷаласа гузаронида шудааст»,- афзуд номбурда.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони тарҳи CASA-1000 дар ҷумҳуриҳои Афғонистону Покистон бо маром идома дорад ва интизор меравад, ки то соли охирҳои соли 2021 корҳои сохтмонии он пурра ба анҷом расанд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000  хати интиқоли  барқро, ки шароити содироти барқро аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷумҳуриҳои Афғонистон ва  Покистон фароҳам меоварад, дарбар мегирад.  Ин лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон  солона дар ҳаҷми 1300 мВт.  неруи барқро содирот намоянд.

Коршиносон мегӯянд лоиҳаи CASA-1000 беҳамто буда, аз бунёди он ҳам кишварҳои содиркунанда ва ҳам кишварҳои истеъмолкунанда суд хоҳанд дид. Агар кишварҳои содиркунанда ба даромади хуб даст ёбанд, пас кишварҳои истъемолкунанда низ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон таъмин хоҳанд шуд, ки   дар самти густариши робитаҳои иқтисодӣ ва аз байн бурдани камбуди неруи барқ хеле муҳим аст.

 

 

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2020 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд