Лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» ба бонувон тарзи ба бозор баровардани маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро меомӯзад

Июль 27, 2020 16:45

ДУШАНБЕ, 27.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар доираи барномаҳои грантӣ аз ҷониби Лоиҳаи «Тиҷоратикунонии  соҳаи кишоварзӣ» аз ҳисоби маблағҳои  грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 2279 манфиатгирандагон фаъолият доранд, ки аз он 1017 нафараш занон мебошанд. Имрӯзҳо ба корҳои кишоварзӣ бештар занон машғуланд. Аз ин рӯ ҳадафи Лоиҳаи мазкур  баланд бардоштани маҳорати тиҷоратикунони занон дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Яъне, занон барои дар кадом шакл ба бозор баровардани маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ омода мешаванд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар раванди татбиқи Лоиҳаи «Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ» мушовир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Дилором Раҳматова ба хабарнигорон баён дошт.

Мавсуф  иброз дошт, ки «Барномаи барои беҳтар кардани маҳсулоти хӯрокӣ дар хонавода» тӯли се сол аст, ки фаъолият мекунад. Ин барнома барои занон хеле муҳим мебошад, зеро таъмини оила бо хӯрокӣ, нигоҳ доштани маҳсулоти хӯрокӣ ва тарзи истифодаи дурусти он, коркарди маҳсулоти хӯрокӣ асосан бар дӯши занон мебошад ва ин масъалаҳо тариқи ин барнома омӯзонда мешаванд.

Ба гуфти номбурда, ба барномаи имсола занон аз 9 ноҳия ҷалб мегарданд, ки онҳо хоҷагии алоҳида надоранд. Онҳо занонеянд, ки замини наздиҳавлӣ ва замини иҷоравӣ доранд. Инчунин дар баробари омӯзиши парвариши маҳсулот ба занон хусусиятҳои таркибӣ ва витаминнокии маҳсулоти хӯрокворӣ низ омӯзонида мешаванд. Ҳамчунин аз ҷониби ин лоиҳа китобчаи махсус барои занон омода шудааст.

«Ҳадафи дигари омӯзиши ин барнома- тарзи пешниҳоди маҳсулоти бехатар ба  бозор мебошад. Яъне, имрӯз маҳсулоти аз ҷониби занон омодашуда ба бозори истеъмолӣ ба фурӯш пешниҳод мегардад»,- иброз дошт Дилором Раҳматова.

Дар нишаст зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур аз рӯи  чор қисмати зерин амалӣ мегардад: такмил додани донишҳои техникӣ ва малакаҳо барои дастгирии раванди тиҷоратикунонӣ, дастрасии молиявӣ барои корхонаҳои агробизнесӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии хурди тиҷоратӣ, тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва идоракунонии Лоиҳа ва омӯзиш дар самти соҳибкорӣ ва хизматрасониҳо доир ба рушди соҳибкорӣ барои корхонаҳои микро, хурд ва миёна.

Тавре мушовири лоиҳа Боймурод Қурбонов зикр намуд, «мо имсол аз ҷониби Лоиҳа дар Намоишгоҳи 27-уми байналхалқии маҳсулоти ғизоӣ, нӯшокиҳо ва ашё барои  истеҳсоли он «ПРОМЭКСПО – 2020», ки аз 10 то 14 феврали соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардида буд, иштирок намудем. Дар ин намоишгоҳ мо маҳсулоти гуногуни ватаниро пешниҳод намудем, ки аз ҷониби иштирокчиён хуб пазируфта шуданд. Ҳамчунин аз ҷониби лоиҳаи мазкур бренди лимӯ таҳия гардидааст, ки мо мақсад дорем онро ба ягон истеҳсолкунанди беҳтарин ё Вазорати саноат ва технологияи нав диҳем, то тавонанд маҳсулоти Тоҷикистонро бо бренди худаш ба  хориҷа пешниҳод намоянд».

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи тиҷоратикунонии  соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои  грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд бо мақсади дастгирӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  иштироки кишоварзон бо маҳсулоти ватанӣ  дар намоишгоҳҳои  байналмилалӣ равона гардидааст. Ҳадафи он инчунин баланд бардоштани  сатҳи тиҷоратикунонии хоҷагиҳои фермерӣ, маҳсулоти агроистеҳсолӣ ва дастгирии рушди корхонаҳои  хурд ва миёна дар  сатҳи деҳот  тавассути васеъгардонии имконоти дастрасӣ  ба маблағгузорӣ ва мустаҳкам кардани иқтидори манфиатгирандагон мебошад.

 

 

Июль 27, 2020 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад