Маҳмадшариф Ҳақдод дар маросими ифтитоҳи Гулгашти Дӯстӣ дар Минск ба ифтихори 75-солагии Ғалаба ширкат варзид

Июль 3, 2020 13:06

ДУШАНБЕ, 03.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 2 июл, дар Маҷмааи осорхона — боғи «Ғалаба»-и шаҳри Минск маросими тантанавии ифтитоҳи Гулгашти Дӯстӣ ба ифтихори 75-солагии Ғалабаи халқҳои шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баргузор гардид. Дар он Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва мақомоти дигари ИДМ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Зимни суханронӣ дар маросим Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ба роҳбарияти ВКХ Беларус, кумитаи иҷроияи шаҳри Минск ва тамоми аъзои Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои Иттиҳод барои татбиқи лоиҳаи бунёдгузории Гулгашти Дӯстӣ изҳори сипос намуд.

«Бисёр рамзист, ки Гулгашти Дӯстӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус, ки он ҷо қароргоҳи Кумитаи иҷроияи ИДМ ҷойгир аст, бунёд гардид ва ифтитоҳи он дар арафаи Рӯзи Истиқлолият ва озодсозии шаҳри қаҳрамони Минск аз истилогарони фашистӣ сурат мегирад», — гуфт С. Лебедев.

Бо истифода аз фурсат, ӯ бародарони беларусро бо фарорасии ҷашни асосии давлатӣ муборакбод намуда, ба ҳама сулҳ, саодат, ризояит ва шукуфоӣ таманно кард.

Ба таъкиди Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, Беларус аз аввалинҳо буд, ки ба зарбаи фашистони истилогар мувоҷеҳ гардид ва дар озодсозии он даҳҳо ҳазор писарону духтарони ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ саҳм доштанд, ки баёнгари қудрати бузурги дӯстии халқҳои мо мебошад.

Вай саҳми ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ҳоло давлатҳои аъзои ИДМ-ро, ки хотироти ҷанги гузашта барои халқҳои онҳо муқаддас аст, пурбаҳо хонд.

«Дӯстии бародарона дар мубориза бар зидди асорати фашистӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ неруи бузург буд ва имрӯз асоси ҳамҷавории нек ва ҳамкории судманд байни кишварҳои ИДМ мебошад. Ин манбаи муҳими маънавии равобити халалнопазири халқҳоямонро бояд эҳтиёту ҳифз ва барои рушду такомули минбаъдаи Иттиҳодамон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем. Боварӣ дорам, ки Гулгашти Дӯстӣ ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи наҷиб хидмат хоҳад кард», — изҳор намуд дар фарҷоми сухан Сергей Лебедев.

Дар анҷоми чорабинӣ меҳмонони олиқадр дар пояи ёдбуди «Минск — шаҳри қаҳрамон» гулчанбарҳо гузоштанд.

Июль 3, 2020 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд