Масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19 баррасӣ гардид

Июль 3, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 03.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19 имрӯз зимни мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо намояндагони Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва Дафтари минтақавии Истамбулии БР СММ, ки тариқи онлайн — ҷаласа сурат гирфит, баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре гуфта мешавад, дар онлайн-ҷаласа роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19 ва махсусан таҷрибаи ҷорӣ намудани низоми ҳолати фавқулода ва вазъияти фавқулода, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ҳуқуқ ба саломатӣ ҳангоми ташкили баргардонидани онҳо ба ватан бинобар пайдо ва паҳн шудани коронавируси нав табодули назар намуданд.

Умед Бобозода тазаккур дод, ки дар мамлакат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки ба пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири бемории коронавируси нав ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва дастгирии бахши хусусӣ ва аҳолӣ равона шудааст.

Иштирокчиёни онлайн — ҷаласа чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳим ва самарабахш арзёбӣ карда, омодагии худро барои истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон изҳор доштанд ва ба тақвияти ҳамкорӣ даъват намуданд.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 3, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли равон дар Мастчоҳ, Исфара ва Хуҷанд биноҳои нави тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд