МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС: Боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ назар ба боғи анъанавӣ серҳосилу фоидаоваранд

Июль 31, 2020 09:21

ДУШАНБЕ, 31.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ,  ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд. Иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдонҳои боғу токзорро аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил зиёд намоем. Бо назардошти омилҳои мазкур «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» таҳия гардидааст. Ҳамчунин мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтани соҳаи боғу токпарварӣ ба пешравии соҳа мусоидат намуд. Ин буд, ки дар мамлакат сол то сол масофаи боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ афзоиш меёбад.

Доир ба аҳамият ва хусусияти боғҳои анъанавӣ, интенсивӣ ва суперинтенсивӣ директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат чунин гуфт:

Ҳикматулло Назиров

Боғи интенсивӣ ва  суперинтенсивӣ назар ба боғи анъанавӣ серҳосилу фоидаовар аст. Зеро бино ба таҳлили боғбонон, аз як бех ниҳоли дар боғи интенсивӣ парваришёфта то 5-6 кило ҳосил гирифтан мумкин аст ва дар як гектар боғи интенсивӣ аз 500 то 3 ҳазор ниҳол шинонидан мумкин аст. Дар як гектар боғи анъанавӣ аз 153 то 238 ҳазор ниҳол мешинонанд. Дар боғҳои интенсивӣ ва  суперинтенсивӣ давоми чанд соли охир асосан ниҳоли зардолу, себ, олу ва шафтолу мешинонанд. Соли равон талаботи аҳолӣ ба меваи себ,  ки дар боғҳои интенсивӣ ва  суперинтенсивӣ хуб парвариш ёфтааст, зиёд шудааст.

Ба гуфти номбурда, афзалияти боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ин, пеш аз ҳама, таъмини зичии ғунҷоиши ниҳолҳо дар як гектар ба ҳисоб меравад. Ҳосилбандиаш низ барвақт шурӯъ гардида, дарахтони донакдор то 25 – 30 тонна, тухмдор зиёда аз 70 тонна ҳосил медиҳанд. Баландии дарахт  2,5-3 метрро ташкил медиҳад.

Мавсуф зикр намуд, ки дар боғи интенсивӣ корҳои агротехникии башаклдарорӣ, буридан, чидани мева ва коркарди кимиёвӣ бар зидди касалиҳо, ҳашароти зараррасон осон ва пурра гузаронида мешаванд. Боғи интенсивӣ талаботи худро дорад, яъне бояд хоки боғи бунёдшаванда серғизо, ҳосилхез бошад, чунки тагпайванди дарахтон вегетативӣ, решаҳояшон патакреша буда, на он қадар чуқур ҷойгир аст. Соли аввал бояд ба ҳар як бех пеш аз шудгори тирамоҳӣ на кам аз 150 г суперфосфат, 60-80 г калий ворид кардан лозим аст. Чунин тарзи обдиҳии қатрагӣ намнокиро 65-70 фоиз таъмин менамояд. Дар вақти нашъунамои дарахтон озуқаи иловагӣ низ додан лозим аст.

Ба тавсияи боғпарварон, қабл аз бунёди боғ бояд қитъа, намуд, вазъи дарахтон ва таркиби химиявии хокро муайян кард. Дар вақти бунёди боғ таъсири манфии иқлим ба ҳисоб гирифта, дар талу теппа ва дар баландии гуногун ҷойгир намудани навъҳои ба хунукии зимистон тобовар  дар назар дошта шавад. Инчунин ба навъҳое бояд диққат дода шавад, ки тобоварии табиии зиёд дошта бошанд. Самти ҷойгиршавии қатори дарахтони тавсияшавандаи бунёди боғ – шимолу ҷануб мебошад, ки ин усул баҳри бо рӯшноии хуб таъмин шудани дарахт мусоидат менамояд. Дар ин намуди бунёди боғ ниҳоли навъи гардолудкун дар як қатор бояд аз ҳар 7 қатори ниҳоли навъи асосӣ бо навъи дигар дар як вақт гулкунанда шинонида шавад.

Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки яке аз хусусияти  боғи  интенсивӣ ва суперинтенсивӣ он аст, ки соли дуввум ҳосил медиҳад ва ҳосилнокии он то 13 ё 15 сол давом мекунад.

Бартарии дигаре, ки дар парвариши боғи суперинтенсивӣ мушоҳида мегардад, ин усули обёрии қатравӣ мебошад, ки ба ин восита об то панҷ маротиба ва неруи барқ низ сарфа мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» амалӣ гардид. Баҳри иҷрои Фармони мазкур дар муддати 5 сол дар ҷумҳурӣ бунёди 46901 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 16714 гектар боғи зардолу ва 5015 гектар токзори нав ба нақша гирифта шуда буд.

Ба иттилои масъулин, натиҷаи амалишавии Фармони мазкур нишон дод, ки давоми 5 соли сипаригардидаи 2010-2014 дар ҷумҳурӣ дар майдони 53232 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки он 115,6 фоизи иҷрои нақшаи 5-солаи Фармони мазкурро таъмин менамояд. Аз ин майдони умумии боғҳои бунёдгардида 21192,3 гектар боғи зардолу, 4376 гектар токзор ва боқимонда дигар намудҳо мебошанд.

Барои боз ҳам тақвият бахшидани соҳаи мазкур аз ҷониби Сарвари давалат «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ба тавсиб расида буд. Тибқи Барномаи мазкур, дар ҷумҳурӣ дар майдони   20 ҳазору 153 гектар боғ бунёд карда мешавад.

Ҳамчунин 2 январи соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ба имзо расид. Ҳадафҳои асосии қонун муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ташаккули низоми ниҳолпарварӣ дар истеҳсол ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз ва ороишӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истеҳсолкунандагони маводи киштшаванда ва ниҳолҳо, бамеъёрдарории фаъолияти шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, идоракунии давлатӣ ва мутобиқгардонии муносибатҳо вобаста ба пешбурди соҳа ба талаботи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротӣ тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 июни соли равон дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 2114,8 гектар боғ ва 388,9 гектар токзор бунёд намудаанд, ки дар баробари ин 108,4 гектар ё 70,8 фоиз боғҳои интенсивӣ бунёд шуда, 92,3 фоиз боғу токзори кӯҳна барқарор карда шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки як зумра барномаҳои рушди боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки боғдорӣ ба як соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил гардад. Ин дар ҳолест, ки дар  тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо истифода аз ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабзу ороишӣ корҳои сабзазоркунӣ ва хуррамсозӣ, ҳусусан ниҳолшинонӣ дар партави омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд.

Июль 31, 2020 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд