МЕПАРАСТАМ НОНИ ГАНДУМ… Деҳқонони Тоҷикистон имсол ҳосили фаровони ғалла ба даст оварданд

Июль 15, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 15.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони Тоҷикистон имсол 606 ҳазору 440 тонна ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ  намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 ҳазору 719 тонна ё 5,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тавре сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Фахриддин Набизода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат иброз дошт, имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 283 ҳазору 958 гектар кишти ғаладонагиҳо гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 6 ҳазору 181 гектар зиёд мебошад.

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи супориши Президенти мамлакат имсол аз тарафи Вазорати кишоварзӣ ситоди махсус ташкил гардид, ки ба кишоварзон барои беталаф ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани дастранҷашон кӯмак намуданд.

Имсол кишоварзон ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Агар  солҳои гузашта талу теппаҳо барои кишти зироатҳо кам истифода мегардид, имсол кишоварзон аз он самаранок истифода намудаанд.

Ба гуфтаи ҳамуҳбати мо, зиёд гардидани ҳосили имсола нисбат ба соли гузашта аз кишти саривақтӣ ва истифодаи технологияи парвариши он вобаста мебошад. Барои рӯёнидани ҳосили баланди ғалладонагӣ истифода ва риоя кардани қоидаҳои кишоварзӣ (агротехникӣ) аҳамияти калон дорад. Яке аз шартҳои асосӣ коштани тухми хушсифату яккачини навъҳои серҳосилу ба касалиҳо тобовар ба ҳисоб меравад. Мувофиқ будани иқлими макони кишт, босифат гузаронидани шудгор, аз алафҳои бегона тоза кардани замин, сари вақт бурдани мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ба ҳосили дон ҳосил зам мекунад.

Фахриддин Набизода зикр намуд, ки имсол дар вилояти Хатлон 131 ҳазору 617 гектар замин кишти ғалладонагӣ гузаронида шудааст. Зеро минтақаи вилояти Хатлон барои парвариши зироатҳои ғалладонагӣ созгор мебошад.

Номзади илмҳои кишоварзӣ, устоди Иниститути зироати Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Шарифов зикр намуд, ки барои ҳосили хуб ба даст овардан замин бояд киштгардон карда шавад.  Яъне дар як замин агар деҳқон як маҳсулотро чанд сол такрор кишт намояд, ҳосилнокии хуб ба даст намеорад. Бояд баъди ду соли кишти пахта дар он гандум ё дигар навъҳои зироат кишт карда шавад. Барои гирифтани ҳосили баланди гандум, зироати лӯбиёӣ, пахта, ҷуворимакка, ҷуворӣ ва дигар полизиҳо  кишти пешакӣ фоидаовар аст.

Яке аз навъҳои муҳимтарини зироати хӯрокворӣ ин гандум мебошад. Дони гандум серғизо ва серкаллория буда, захираи он то ду сол нигоҳ дошта мешавад. Дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб, равған, намакҳои минералӣ, витамину ферментҳо ва ғайраҳо мавҷуданд.

Аз гандум орду ярма мекашанд, аз ордаш маҳсулоти макаронию қаннодӣ тайёр мекунанд. Аз дони он оҳар, спирт, равған ва ширешак (клейковина) истеҳсол менамоянд. Пахоли гандум барои истеҳсоли коғаз, картон ва ғайра низ истифода мешавад. Коҳи гандум хӯроки хуби чорвост.

Ба тавсияи олимони кишоварзӣ, гандум зироати обталаб аст. Бинобар ин, дар заминҳои обӣ ду ҳосили фаровон мегиранд. Барои кишти тирамоҳӣ гандуми навъҳои «Ормон ИЭ», «Алекс», «Зироат-70», навъҳои дуфаслаи «Садоқат», «Ориён», «Файзбахш», «Шокирӣ», «ИЗ-80», «Фарҳодӣ- 60» ва гандуми сахти «Президент»-ро, ки олимони Институти зироати АИКТ рӯёнидаанд, истифода мебаранд. Гандуми тирамоҳӣ назар ба гандуми баҳорӣ аз боришоти тирамоҳу зимистон бештар баҳра бурда, то фаро расидани ҳавои хушку гарми тобистон мепазад ва ҳосили фаровон медиҳад.

Муҳлати кишти гандуми тирамоҳӣ дар вилояти Суғд аз 20 сентябр то 20 октябр аст. Дар водии Вахш кишти тирамоҳии гандум нимаи август то ноябр фаро мерасад. Дар навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон (Кӯлоб ва Данғара) гандуми тирамоҳӣ аз 20 октябр то 10 ноябр кишт карда мешавад. Меъёри кишти тухмиро вобаста ба шароити иқлим, хок, хусусияти навъҳои гандум ва захираи намӣ муқаррар мекунанд.

Июль 15, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд