ММТ: даври иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор гардид

Июль 13, 2020 10:22

ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл дар 14 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб даври иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор гардид, ки дар он 4405 нафар довталаб иштирок намуд. Аз ин шумора 3854 нафар ба қисми А ва 551 нафар ба қисми Б имтиҳон супориданд. Имтиҳонҳои мазкур дар як рӯз доир гардианд. Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 19 июл ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ аз 15-ум то 30-юми июн барои иштирок дар ИМД худро номнавис кардаанд ва довталабоне, ки дар даври асосии қисми А имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ ва қисми Б имтиҳон дар заминаи умумии асосӣ иштирок карда натавониста, барои супоридани ин имтиҳонҳо дар даври иловагӣ ба Марказ ариза пешниҳод намуда буданд,  дар он иштирок доштаанд»,- афзуд манбаъ.

Бояд илова кард, ки барои ташкил, баргузорӣ ва идораи даври иловагии имтиҳонҳо низ кормандони муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шудааст, ҷалб карда шудаанд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот намояндагони ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд. Инчунин, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст.

Даври иловагии имтиҳонҳо мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода шуда, баргузор гардид.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 13, 2020 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид