Натиҷаҳои озмоиши ваксинаҳои зидди коронавируси британиягӣ ва чинӣ интишор шуданд

Июль 21, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ду ваксина – довталаби зидди коронавирус — британиягӣ ва чинӣ, ки озмоишҳои клиникиро сипарӣ менамоянд, вокуниши баланди масуниятӣ ба вуҷуд меоваранд. Натиҷаҳои озмоиш дар маҷаллаи тиббии «The Lancet» интишор ёфтаанд, — хабар медиҳад МИА «Казинформ».

Ваксинаи довталаб, ки аз тарафи Донишгоҳи Оксфорд дар ҳамкорӣ бо AstraZeneca таҳия мешавад, вокуниши қобили мулоҳизаро дар 1077 шахси озмоишшаванда ба вуҷуд овард. Сафедиҳои зидди ҷисмҳои бегонаи (антителаҳо) хунсокунанда дар вуҷуди зиёда аз 90% беморон ва вокуниши T-ҳуҷайрвӣ дар вуҷуди тамоми иштирокчиёни озмоиш мушоҳида гардид.

Ваксинаи довталаби дуюм, ки аз ҷониби CanSino Biologics-и чинӣ озмоиш мешавад, вокуниши баданро дар самти истеҳсоли сафедиҳои зидди ҷисмҳои бегонаи (антителаҳо) хунсокунанда дар вуҷуди тақрибан 85% аз 508 иштирокчии озмоиш таъмин намуд ва зиёда аз 90%-и онҳо вокуниши T-ҳуҷайравӣ доранд. Озмоишгарон мавҷудияти асароти сабуки ҳамсафари ваксинаҳо, аз ҷумла муваққатан баланд шудани ҳарорати бадан, заифӣ ва дард дар нуқтаи тазриқро қайд менамоянд. Ҳангоми ин озмоишҳо дар мавриди асароти ҷиддии ҳамсафари ваксинҳо хабар дода нашудааст.

Натиҷаҳои фосилавии озмоишҳо заминаи хуби гузариш ба марҳилаи сеюми таҳқиқоти клиникиро фароҳам сохтаанд ва дар ин давра теъдоди зиёди одамон барои арзёбии самаранокӣ ва бехатарии онҳо бо ваксинаҳои довталаб эм карда мешаванд. Танҳо баъд аз ин ваксина метавонад барои истифодаи ҳамагонӣ дастрас шавад.

                                                 АКС аз сомонаи МИА «Казинформ»

Июль 21, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!