Осоишгоҳҳои Варзоб дар реҷаи маъмулӣ фаъолият мекунанд

Июль 21, 2020 09:33

ДУШАНБЕ, 21.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз дар осоишгоҳҳои ноҳия беш аз 2700 нафар шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла 86 шаҳрванди хориҷӣ давраи карантинро сипарӣ намудаанд. Дар тамоми давраи карантини шаҳрвандони хориҷӣ ва ватанӣ дар осоишгоҳҳои минтақаи Варзоб касе аз сокинони маҳаллӣ изҳори нигаронӣ ё норозигӣ накардааст. Дар ин бора 20 июл раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Маҳмадулло Шерализода зимни нишасти матбуотӣ эълом намуд.

«Хатари пандемияи COVID-19 ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Ман шодам, ки сокинони минтақаи Варзоб инро дарк кардаанд. Аз рӯзҳои аввал онҳо ба шаҳрвандоне, ки муваққатан дар карантин қарор доштанд, кумак мерасониданд»,- шарҳ дод Маҳмадулло Шерализода.

Раиси ноҳия инчунин иброз дошт, ки баъзе одамон бар ин бовар буданд, ки пас аз хатми чораҳои карантинӣ эҳтимол дар дили касе хоҳиши истироҳат дар «Хоҷа оби гарм» пайдо нашавад. Вале осоишгоҳ зиёда аз як моҳ боз дар реҷаи маъмулӣ фаъолият ва тақрибан 400 нафар шаҳрвандон дар ин ҷо саломатии худро барқарор мекунанд.

Июль 21, 2020 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад