Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Июль 24, 2020 12:13

ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ӯзбекистони дӯстро ба муносибати ҷашни зодрӯзашон самимона табрику муборакбодӣ намуданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат фаъолияти давлатии самараноки муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ зикр карданд.

Президенти Тоҷикистон таҳаввулоти калонмиқёсеро, ки тайи солҳои охир дар ин давлати ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастаанд, баланд арзёбӣ карда, ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу суботи бардавом, некӯаҳволӣ ва пешрафти доманадор орзу карданд.

Ҳангоми баррасии мавзӯъҳои калидии муносибатҳои дуҷониба тарафҳо алоқамандии худро ба рушди пайгиронаи робитаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъкид карда, ҷиҳати пешбурди минбаъдаи шарикии стратегии ду кишвар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод изҳори омодагӣ намуданд.

Дар робита ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи муносибатҳои бисёрҷониба тарафҳо ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақа ва рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии фарогири пандемияи коронавирус изҳори ақида намуданд ва ҷиҳати вазъияте, ки дар ин замина имрӯз дар ду кишвар ба вуқӯъ пайвастааст, мубодилаи иттилоот анҷом доданд.

Президентҳо ҳамчунин як қатор масъалаҳои дигари мубрами байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавиро муҳокима намуданд.

Июль 24, 2020 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) Зоу Ҷиайи мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ан Сяомэн мусоҳиба анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 81-солагии Рӯзи ғалаба иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд