ПУШТИБОНӢ АЗ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кӯмаки соҳибкори ватанӣ ба ятимону табибони пойтахт
ДУШАНБЕ, 28.07.2020/АМИТ «Ховар»/. Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақи иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ аз иқдомҳои наҷибонаву созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар доираи ин иқдомҳои хайрхоҳона дар арафаи Иди Қурбон аз тарафи соҳибкори саховатманду ватандӯст, Роҳбари ҶДММ “Сарманзил”, узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба муассисаҳои тиббӣ ва мактаб – интернатҳои шаҳри Душанбе кӯмакҳои моддии ғизоӣ расонида шуд.
Ин кӯмакҳо аз маводи ғизоии мавриди ниёзи аввалия – орд, шакар, равған, биринҷ, макарон ва гӯшти мурғ иборат буда, аз ҷумла, ба тарбиятграндагони муассисаҳои давлатии мактаб-интернатҳои №1 (67 нафар) , №2 (53 нафар) ва №3 (43 нафар), Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе (130 нафар), Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахметов (130), Маркази назорати давлатии назорати санитарию эпидемиологи шаҳри Душанбе (30 нафар), Маркази тиббии шаҳрии №3 (300 нафар), Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” (200 нафар), Маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” (200 нафар), Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи нақлиётии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе (145 нафар), Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон (10 нафар), Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Душанбе (82 нафар), Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор (67 нафар), Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии асосии мактаб-интернати №2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи шаҳри Душанбе (53 нафар), Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи шаҳри Душанбе (43 нафар) тақдим гардид.
Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов зимни супоридани кӯмакҳои мазкур ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе иброз намуд, ки ҳамаи иқдомҳое, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша гирифта мешаванд, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикороти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат мегиранд ва насли навраси кишвар бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷиддан аз пайи омӯзиш шаванду содиқона ба халқу Ватани хеш хидмат намоянд.
Маҳмудҷон Муродов ҳамчунин зимни супоридани кӯмакҳо ба кормандони муассисаҳои тиббии пойтахт онҳоро “дардошноёни миллат” хонда, барои заҳматҳои шабонарӯзияшон ҷиҳати ҳифзи солимии миллат ибрози сипос кард. “Дар ин даврони ҳассос шумо беш аз ҳарвақта мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ва Раиси муҳтарами шаҳри Душанбе қарор доред ва аз хидматҳои содиқонаи шумо мо ифтихор мекунем. Итминон дорем, ки шумо барои сазовор будан ба боварии Сарвари давлат , Раиси шаҳр ва мардуми кишвар дар оянда низ аз таҳти дил ҷаҳду талош менамоед ”.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби узви фаъоли ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ин гуна ташаббусҳои башардӯстона ба таври доимӣ роҳандозӣ мешаванд.
“Бояд мо – соҳибкорон ҳамеша аз сиёсати созандаи иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ карда, барои пешрафту ободонии кишвар ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа иқдом намоем. Зеро ҳамаи муваффаққятҳои тиҷоратии мо ҳам, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва Раиси муҳтарами шаҳр ба даст омадааст ”.
Ин соҳибкор дар арафаи иди Фитр ҳам ба 1700 нафар кормандони тиббии беморхонаҳои 4 ноҳияи пойтахт ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида буд.












Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд






