Сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз Панҷакент оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент бо рафти сохтмони иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла корхонаи коркарди мис, коргоҳи коркарди меваи хушк, сардхона, беморхонаи марказӣ, бинои муассисаи таълимӣ, бинои агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, иншооти ҷашнӣ дар «Мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм» ва бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мавриди зикр аст, ки корхонаи коркарди мис дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бунёд карда мешавад.
Аснои шиносоӣ аз фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолии ин минтақаи саноатӣ Сарвазири мамлакат масъулонро вазифадор намуд, ки барои ҳарчи зудтар татбиқ намудани лоиҳаи сохтмони корхонаи коркарди мис чораандешӣ карда, иншооти мазкурро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта ба истифода диҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Панҷакент дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохтмони 405 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Аз ин 266 иншоот, аз ҷумла дар соли 2018 81, дар соли 2019 161 ва дар 6 моҳи соли 2020 24 иншоот сохта ба истифода дода шуда, корҳои бунёдкорӣ идома доранд.
Дар идомаи сафар таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар «Мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм» баҳри тақвияти рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 5500-солагии Саразм маҷлиси ситоди корӣ баргузор гардид.
Таъкид карда шуд, ки ҳамаи иншооти ба нақшагирифташуда бо назардошти хизматрасонии мусоир, талаботи меъморию сохтмонӣ ва унсурҳои хоси миллӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда мешаванд ва имрӯзҳо корҳо дар ин самт бо суръат идома доранд.
Зимни баргузории маҷлиси ситоди корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз мақсаднок истифода нагардидани қитъаҳои замини наздиҳавлигию саҳроӣ, изофанависӣ дар маълумоти кишти картошка ва дар сатҳи зарурӣ ҷараён надоштани кишти такрорӣ дар шаҳри Панҷакент изҳори нигаронӣ намуда, барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулонро вазифадор кард.










35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд






