Созмондиҳандагон имкони аввали моҳи октябр доир намудани Бозиҳои кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд

Июль 30, 2020 10:39

ДУШАНБЕ, 30.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Созмондиҳандагон имкони  аввали моҳи октябр гузаронидани Бозиҳои кишварҳои ИДМ-ро дар Қазон баррасӣ мекунанд. Бино бар хабари АМИТ «Ховар», дар ин бора вазири варзиши Тотористон Владимир Леонов ба ТАСС иттилоъ додааст.

Қаблан роҳбари Вазорати варзиши Федератсияи Россия Олег Матитсин хабар дода буд, ки гузаронидани бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст ва онҳо нахустин чорабинии байналмилалии варзишӣ дар Россия пас аз пандемияи коронавирус мебошанд.

«Пештар масъалаи интиқоли Бозиҳо ба аввали моҳи октябр баррасӣ шуда буд. Ҳоло ин масъала бо иштирокчиён мувофиқа карда мешавад ва мо ба натиҷаи он хушбинем»,- гуфт Леонов.

Ташаббускори гузаронидани Бозиҳои кишварҳои ИДМ Федератсияи Россия мебошад ва ин пешниҳод дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ моҳи октябри соли 2019 якдилона дастгирӣ шуда буд. Дар ибтидо, тибқи нақша мусобиқот бояд дар шаҳри Қазон аз 20 то 27 август баргузор мешуданд, аммо бо сабаби пандемияи коронавирус санаи баргузории онҳо ба вақти дигар гузаронида шуд.

                                                                                           АКС аз бойгонӣ

Июль 30, 2020 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд