Суғд: имсол деҳқонон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,5 фоиз зиёд намудаанд

Июль 16, 2020 09:36

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони вилояти Суғд дар шаш моҳи аввали соли равон ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра дар масоҳати 278,6 ҳазор гектар кишт гузаронида шудааст, ки 83,9 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 16,1 фоиз ба хочагиҳои аҳолӣ рост меояд.​ ​ ​

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар вилоят баробари хуб ба роҳ мондани маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин ба истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, аз қабили гӯшт,  шир, тухм ва асал аҳамияти ҷиддӣ дода,   нисбат ба ҳамин давраи соли гузашат истеҳсоли аксари маҳсулот зиёд гардидааст.

Боят тазаккур дод, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Июль 16, 2020 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд