ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 июл, шанбе, 193-юмин рӯзи соли 2020 аст

Июль 11, 2020 08:00

11 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Латвия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

11 сол пеш, 11 июли соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени «Сеситорагии дараҷаи 1» бо занҷираи заррин ва Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Валдис Затлерсро бо Ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1» сарфароз гардониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2010-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

11 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии нуфуси аҳолӣ.

***

Рӯзи байналмилалии шоколад.

РӮЙДОДҲО:

11 июли соли 2003 дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид Марказ оид ба масъалаҳои минаҳои Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

***

11 июли соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи омӯзишии фурӯзонакҳои каммасраф сохта шуд.

***

320 сол муқаддам, 11 июли соли 1700 дар Берлин Академияи илмҳои Германия таъсис дода шуд.

***

11 июли соли 1890 аввалин маротиба дар таърихи Япония интихоботи сиёсӣ баргузор гардид.

***

Дар  ин рӯзи соли 1933 дар Женева Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати маводи мухаддир созмон дода шуд.

***

11 июли соли 2006 дар натиҷаи таркиш дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Мумбайи Ҳиндустон 190 нафар ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1950 дар Англия аввалин барномаи машҳури кӯдаконаи телевизиони ББС «Andy Pandy» пахш шуд.

***

Соли 1982 Италия маротибаи сеюм Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Он дар даври финалӣ дастаи Германияро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

 

Июль 11, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш