Таъмири 63 км роҳи мошингарди Ховалинг-Шугнов оғоз шуд

Июль 10, 2020 10:55

ДУШАНБЕ, 10.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири 63 километр роҳи Ховалинг-Шугнов оғоз гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ноҳияи Ховалинг дар қатори бунёди дигар иншооти маданию маишӣ  таъмиру барқарорсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

Роҳи мошингарде, ки маркази ноҳияи Ховалингро бо ҷамоъати деҳоти Шугнов мепайвандад солҳои дароз дар ҳолати ногувор қарор дошт. Роҳбарияти ноҳия сохтмони роҳи мазкурро ба нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил намуда, барои тахту ҳамвор ва сангфаршкунии роҳ соҳибкорони маҳаллӣ низ ҷалб гардиданд. Айни замон дар мавзеҳои душворгузари роҳ корҳои барқарорсозӣ ва тахту ҳамворкунии роҳ оғоз гардидааст.

Тавре соҳибкор Муҳиддин Қосимов иттилоъ дод, дар корҳои сохтмонӣ техникаҳои сокинони ҷамоъати деҳот ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷалб карда шудаанд. Мавзеи аз ҳама душвори роҳ ағбаи Тиюн мебошад, ки 18 километрро ташкил дода баландии он аз сатҳи ҳамворӣ беш аз ҳазор метрро  дар бар гирифта,  ҳамасола бар асари боришот валангор мегардад. Муҳандисони роҳсоз ба гардиш ва ҷойҳои ярчфарою хатарзои роҳ аҳамияти махсус дода, дар он мавзеъҳо корҳои сохтмониро ба таври зарурӣ ба роҳ мондаанд. Сангу шағалро аз дарёи Ёхсу, ки дар шафати роҳ мебошад кашонида, ба воситаи техникаю механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҳамвор менамоянд.

«Роҳсозӣ дар шароити кӯҳистон душвор мебошад ва ҳангоми оғози корҳои сохтмонӣ барои муваффақ шудан  қоидаҳои роҳсозиро мебояд қатъиян риоя кард. Дар оянда мумфаршкунии роҳ низ ба нақша гирифта шудааст», — мегӯянд мутахассисони соҳа

Раиси ҷамоати деҳоти Шугнов Изатулло Файзов иброз дошт, ки роҳбарияти ҷамоат ва соҳибкорон мақсад доранд, ки роҳи мавзеи ағбаи Тиюнро давоми се рӯзи дигар сангфарш намоянд ва баъдан дар қитъаҳои ҳамвори роҳ онро идома диҳанд. Сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Шугнов дастаҷамъона дар ин кори хайр ба соҳибкорон кӯмак расонида истодаанд. Баъди анҷоми санфаршкунӣ сокинон бо  мошинҳо сабукрав метавонанд ба маркази ноҳия ва ҷамоати деҳоти Шугнов озодона ҳаракат намоянд ва нархи роҳкиро низ ба маротиб поин фароварда мешавад.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 10, 2020 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Боғистон» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара Майнинг» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба истифода доданд