ТИКА ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ду адад нақлиёти санитарии махсус тақдим намуд

Июль 29, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби  Намояндагии Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ  (TIKA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад нақлиёти санитарии махсус ва чор таҷҳизот барои ташхиси шунавоии кӯдакон тақдим карда шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими супоридани нақлиёти мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ва Ҳамоҳангсози барномаи ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тарик Мете иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки  кумаки Намояндагии Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ду давлати  бо ҳам дӯст арзёбӣ мешавад.

Июль 29, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд