Варзоб: бунёди 112 иншоот ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолият бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ
ВАРЗОБ, 21.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 270 иншоотро ба нақша гирифтааст, ки аз он 12 адад муассисаи таълимӣ, 4 муассисаи томактабӣ, 15 толори варзишӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 11 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 дорухона ва дигар намуди иншооти хизматрасонӣ мебошанд. То имрӯз бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ 112 адад иншооти ба шарафи ин ҷашни миллӣ бунёдшаванда, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шудаанд. Ҳоло сохтмони 71 адад иншооти ҷашнӣ босуръат идома дорад.
Дар ин бора раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати амалӣ намудани чораҳои эпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Варзоб 80 гурӯҳи корӣ бо теъдоди 480 нафар таъсис ёфта, ба таври доимӣ фаъолият менамоянд. Инчунин аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 710623 сомонӣ маводи доруворӣ, антисептикӣ ва хӯрокӣ барои беморхонаи марказӣ, бунгоҳҳои саломатӣ, табибон ва оилаҳои ниёзманд дастрас карда шуд.
Зикр гардид, ки дар ноҳияи Варзоб мувофиқи ҳисоботи оморӣ 958 адад минтақаҳои истироҳатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он фаъолияти 65 минтақаи истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти як зумра иншооти муҳими сайёҳӣ, ба монанди минтақаҳои сайёҳии «Кохи Малика», «Ёвар», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда», ва Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад. Дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар 6 моҳи соли 2020 8018 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ аз минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳия дидан намудаанд. Дар ин муддат аз ҳисоби хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ ба буҷети маҳаллӣ 546 857 сомонӣ маблағ ворид гардидааст.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






