Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар чорабинии чорчӯби глобалӣ ҷиҳати суръатбахшӣ ба татбиқи ҲРУ-6 ширкат варзид

Июль 10, 2020 08:13

ДУШАНБЕ, 10.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Чорабинии махсуси Форуми сиёсии сатҳи баланд дар мавриди чорчӯби глобалӣ ҷиҳати суръатбахшӣ ба татбиқи Ҳадафи 6-уми рушди устувор (ҲРУ-6) ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикстон хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ намояндагони воломақоми кишварҳои узв ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии низоми СММ, аз ҷумла Барномаи муҳити зисти СММ, Хазинаи кӯдакони СММ, Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ, Барномаи рушди СММ, Барномаи искони башари СММ, Созмони СММ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, Созмони озуқа ва кишоварзии СММ, Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ иштирок карда, роҷеъ ба масоили татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об табодули назар намуданд.

Дар суханронии худ Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи милли об»-ро таҳия карда истодааст, ки он барои ноил шудан ба Ҳадафҳои руши устувор ва дигар ҳадафҳои мутааллиқ ба захираҳои об мусоидат хоҳад кард.

Дар поёни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҷеъ ба чораҳои андешидашудаи марбут ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ибрози назар намуд.

Дар охири Форум Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар робита ба рӯзномаи Форум изҳори назар карда, барои дастгирӣ, ҳамбастагӣ, саҳмгузорӣ ва ваҳдате, ки кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои Созмони мазкур ва инчунин ҷавонон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар соҳаи об ва санитария нишон медиҳанд, сипосгузорӣ намуд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Июль 10, 2020 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна