Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Япония суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Япония Тосимитсу Мотэги баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ибтидо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Япония бинобар талафоти ҷониву хисороти зиёди моддӣ бар асари обхезӣ ва ярч дар ҷануби Япония изҳори ҳамдардӣ кард.
Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Мусоҳибон зимни арзёбии ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва тиб, бар аҳаммияти идомаи ҳамёрӣ ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пирӯзӣ бар ҳамагирии COVID-19 таъкид карданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кумакҳои Япония барои соҳаҳои зерсохторӣ, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии ҷомеа, омӯзиш ва рушди малака дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) изҳори сипос намуд.
Ёдоварӣ шуд, ки маориф ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои муҳимми рушди стратегӣ дар Тоҷикистон мебошад, мутахассисони кишвари мо дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Япония таҳсил мекунанд. Дар ин замина лоиҳаи Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кумаки Япония (JDS) дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва мудирият, инчунин Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта истодаанд.
АКС ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






