186 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Туркия ба Ватан оварда шуданд

Август 12, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 186 нафар шаҳрвандони мамлакат аз шаҳри Истанбул ба Душанбе баргардонида шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин шаҳрвандон бино ба қатъ гардидани парвозҳо дар Ҷумҳурии Туркия дармонда буданд ва бо парвози махсуси ширкати «Сомон Эйр» ба Ватан оварда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан, 26 июл 174 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз кишварҳои дигар барои баргаштан ба Ватан ба шаҳри Истанбул омада буданд, бо ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Душанбе оварда шуданд.

АКС аз бойгонӣ

Август 12, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид