Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Рӯшон мавриди истифода қарор доданд

Август 20, 2020 12:52

ДУШАНБе, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар маркази ноҳия — шаҳраки Вамар қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Майдони Парчами миллӣ дар канори рудхонаи Панҷ дар як мавзеи қаблан бекорхобида бо баландии 30 метр сохта шуда, паҳноии матоъи Парчам 6 ва дарозиаш 13 метрро ташкил медиҳад.

Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва боғи фароғатӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 — солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.

Роҳравҳои майдони Парчами давлатӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сафолакпӯш гардида, дар шафати он ҳавзи оббозӣ барои кӯдакону наврасон бунёд шудааст.

Ҳамчунин гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию мевадиҳанда майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Рӯшонро оро медиҳанд.

Ҳудуди майдони Парчами давлатӣ ва боғи навбунёд чароғон карда  шуда,  барои фароғати сокинон курсиҳо гузошта шудааст. Бо бунёд шудани майдони Парчами давлатӣ ва боғи фароғатӣ боз як гӯшаи ноҳия ободу зебо гардида, ба як макони дилфиреби сайру тамошои сокинону меҳмонони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон  табдил  ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоят доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузоштани Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, зеро нишон ва ҳам парчам аз муқаддасоти миллат ба шумор меравад.

Дар маҷмуъ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон сохтмони 142 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар доираи ин тадбирҳои бунёдкорона ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат боз ҳам ободу зебо мегардад.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон 20.08.2020

Август 20, 2020 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии «Хишти диёр» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияҳои Ёвон ва Хуросон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Суғд 12 ҳазор иншооти ҷашнӣ пеш аз муҳлат навсозӣ, таъмир ва бунёд карда шуданд
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Рушди илмро дар ин давра метавон яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Роҳи деҳаи Хоҷамусои Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор мумфарш карда шуд