Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди ноҳияи Дарвозро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 19.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 19 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Суди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Аснои шиносоӣ бо шароити кории иншооти нав ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Суди ноҳияи Дарвоз дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия қомат афрохтааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нав, ки аз ду ошёна иборат аст, моҳи майи соли 2019 шурӯъ гардида, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд.
Сохтмончиён иншоотро дар муддати кӯтоҳ, бо тарҳи муосир ва бо сифати баланд бунёд карданд.
Дар бинои Суд барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Бино дорои ду толори барҳаво мебошад ва кормандони суди ноҳия барои гузаронидани маҷлису дигар мулоқот аз шароиту имкониятҳои нав самаранок истифода хоҳанд бурд.
Дар бинои тозабунёди Суди ноҳияи Дарвоз китобхона бо теъдоди 300 нусха адабиёти ҳуқуқию бадеӣ ва китобхонаи электронӣ бо шумораи 10 ҳазор нусха китоб ташкил карда шудааст. Ин иқдом дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсис додани китобхона дар назди муассисаву корхонаҳо амалӣ гардидааст.
Кормандони Суди ноҳияи Дарвоз имкон доранд, ки дар вақтҳои холигӣ аз адабиёти соҳавию бадеӣ истифода намуда, донишу малакаи касбии хешро сайқал диҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави Суди ноҳияи Дарвозро дар арафаи 29-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳа туҳфаи арзанда номида, онҳоро ба фаъолияти хубу босамар ва содиқонаву софдилона ба нафъи халқу Ватан ва таъмини адолати судӣ ҳидоят намуданд.









СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид






