Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро дар шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бинои нави Филиали рақами 66-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро ифтитоҳ карданд.
Бинои наву муосири филиали «Амонатбонк» дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ дар муҳлати як сол бо иштироки 100 нафар меъмору сохтмончиёни маҳаллӣ сохта шуд.
Дар ошёнаи якуми Филиали Бонки давлатии амонатгузорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандон суҳбати озоду ошкоро доир намуда, ифтитоҳи бинои навро дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси мамлакат- 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандон туҳфаи арзишманд маънидод карданд.
Бинои филиали мазкур тибқи лоиҳа аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 2076 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар таҳхона махзан, утоқи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудаанд.
Дар ошёнаи якум, ки қисми амалиётӣ ба ҳисоб меравад, утоқҳои кории кормандон, хазинадорон ва ҳуҷраи бехатарӣ ҷойгир шудаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бонкдорон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии бонкӣ ба муштариён дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави филиали номбурда 20 навъи хизматрасонии молиявиро ба муштариён пешниҳод менамояд, ки ҳамаи ин амалиёт бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ анҷом дода мешаванд.
Зимни боздид Роҳбари давлат аз шароити фароҳамшуда изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино қабулгоҳ, ҳуҷраҳои кории кормандон, маҷлисгоҳи хурд бо 60 ҷой, утоқи муҳосибот ва сармуҳосиб, толори хурди китобхона ҷой дода шудаанд.
Дар маҷмӯъ бинои филиали мазкур аз 27 ҳуҷраи кории барҳаво, маҷлисгоҳ, толори хурд ва ду бойгонӣ иборат аст.
Занону бонувоне, ки дар Филиали рақами 66-и “Амонатбонк” дар шаҳри Хоруғ фаъолият мекунанд, ба Пешвои миллат барои муҳайё сохтани шароити арзандаи корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” 9 филиал бо 230 корманд, 40 Маркази хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла хазина шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.
Аз шумораи умумии кормандони ин бонк дар вилоят 106 нафараш занону бонувон мебошанд, ки 46 фоизи умумии кормандони бонкро дар бар мегирад.
Ҳудуди иншоот гулпӯш шуда, роҳравҳо низ аз ҳар ду ҷониб сафолакпӯшу чароғон гардидаанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ






