Бо пешниҳоди Тоҷикистон нишасти кормандони аршади «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон, ки ҳамраисии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул»- ро дар соли 2020 ба уҳда дорад, нишасти маҷозии кормандони аршади раванди мазкур баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Нишаст бо суханони ифтитоҳии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб оғоз шуд.
Дар ҷаласа намояндагони кишварҳои аъзо, кумакрасон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси 9-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул», ки қарор аст, то охири имсол дар Душанбе доир гардад, вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, ҳамкории кишварҳои аъзо дар раванди сулҳу субот дар он кишвар, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ бо дастгирии созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои ёрирасон дар нишасти мазкур баррасӣ шуданд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад






