ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо месозанд

Август 13, 2020 08:33

ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар қатори дигар иншоот сохтмони бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ба номи профессор Амонулло Орифов ҷараён дорад.

Сохтмони бинои нави табобатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2018 оғоз ёфта буд. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Евростройсервис» ба анҷом мерасонад. То имрӯз 85 фоизи корҳои сохтмонӣ иҷро гардида, айни замон корҳои ороишиву рангу бор, сафолакпӯшкунӣ ва ойинабанӣ бо маром ҷараён доранд.Дар ин мавзеъ айни замон ба корҳои сохтмонӣ беш аз 100 нафар сохтмончӣ ҷалб шудаанд.

Бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд тибқи меъёрҳои замони муосир сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ барои баланд бардоштани солимии ҷомеа муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Ин марказ дар оянда на танҳо ба мардуми мамлакат, балки ба сокинони кишварҳои ҳамсоя низ хизмати тиббӣ мерасонад.

Коргузори ҷамъияти мазкур Фурқат Орифов зимни суҳбат гуфт, ки сохтмончиён  бо як вакт хӯроки гарм таъмин мебошанд. Аксарияти маҳсулоти сохтмонӣ ватанӣ буда, шароит барои сохтмончиён муҳайё гардидааст ва ҳаҷми кори онҳо аз 1700 то 3000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Роҳбари ҶДММ «Евростройсервис» Расул Абдуллоев иброз дошт, ки бинои табобатӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат аст. Тибқи лоиҳаи пешбинӣ гардида, дар  он 200 кат ҷойгир карда мешавад.

Сохтмончӣ Ҳалим Ваҳҳобов иброз дошт, ки «бист сол аст, ки бо соҳаи сохтмон сару кор дошта, ризқу рӯзиамро аз ҳамин касб меёбам.  Кормандон дар ҳар се моҳ бо либоси махсус таъмин мешаванд ва маоши моҳона вобаста ба ҳаҷми кор аз 1200 сомонӣ оғоз мешавад. Шукргузор аз даврони тинҷиву оромӣ дорем, ки ба ватани худ хизмат мекунем ва аз шароите, ки барои мо омода кардаанд, қаноатмандем».

Сохтмончӣ Мурод Дадобоев мегӯяд, ки маҳз бо ҳидоятҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз сар то сари мамлакат ободу зебо гардида истодааст.

— Мо корҳои сохтмониро ба уҳда дошта, бо дасту дили гарм меҳнат менамоем. Ҷавобан ба ин ибтикор ваъда медиҳем, ки бо ғайрати дучанд саъю кӯшишамонро баҳри шукуфоии Ватани азиз равона сохта, бо сифати баланд корҳоро анҷом медиҳем ва итминон аст, ки беморхона солиёни зиёд ба мардум хизмат намояд, -мегӯяд ӯ.

Дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти замонавӣ далели ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушду такомули соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Август 13, 2020 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид