Ҷаласаи XXVII Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии ВКХ-и кишварҳои узви ИДМ доир шуд

Август 27, 2020 08:42

ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ҷаласаи XXVII Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии (ВКХ) Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони хадамоти консулии Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Казоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон (ба ҳайси нозир), Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндаи Котиботи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои консулӣ дар паҳнои ИДМ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро ба тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳамаи самтҳо, ки ба густариши бештари робитаҳо байни кишварҳои узви ИДМ мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Август 27, 2020 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд